Таъсиси гурӯҳи кории парлумон оид ба таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи нафту газ»

Date:



Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров оид ба таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи нафту газ» гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.

Тавре котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин масоили ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои ҶТ «Дар бораи интихоби вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», «Дар бораи Қушунҳои дохилии ВКД ҶТ», «Дар бораи фармоиши давлатӣ дар бахши мудофиа», «Дар бораи Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ», «Дар бораи мақоми давлатии хизматчиёни ҳарбӣ», «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ», «Дар бораи мубориза бо терроризм», «Дар бораи мақомоти амнияти миллии ҶТ», «Дар бораи мубориза бо ифротгароӣ (эктремизм)», «Дар бораи мудофиаи гражданӣ», «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014», «Дар бораи сирҳои давлатӣ», «Дар бораи ҳимояи давлатӣ ва дастгирии соҳибкорӣ» ва «Дар бораи реклама» низ баррасӣ шуданд.

Ба гуфтаи манбаъ, бо қарори Шӯро лоиҳаи қонуни ҶТ «Дар бораи маълумоти миёнаи касбӣ» ҷиҳати омӯзиш ба кумитаҳои дахлдори палатаи поёнии парлумон ирсол шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...