Ифтитоҳи бинои нави идораи хадамоти оташнишонии вилояти Суғд

Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро, муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов ва раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба қисми низомии хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд ташриф оварда, дар маросими кушодашавии бинои нави идораи хадамоти оташнишонии вилояти Суғд ширкат варзиданд ва аз шароити кору фаъолияти ва ҳолати омодабошии қисми низомӣ ошно […]



Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро, муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов ва раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба қисми низомии хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд ташриф оварда, дар маросими кушодашавии бинои нави идораи хадамоти оташнишонии вилояти Суғд ширкат варзиданд ва аз шароити кору фаъолияти ва ҳолати омодабошии қисми низомӣ ошно гаштанд.

Тавре хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд иттилоъ медиҳад, бинои нав аз  ошхона, ҳуҷраҳои алоҳида иборат буда, ошёнаи дуюм бошад барои маҷлисгоҳ бо 30 ҷойи нишаст, пешбинӣ шудааст.

Роҳбарияти хадамоти оташнишонии вилоят ба меҳмонон воситаҳои оташнишонӣ, наклиётҳои махсус, либоси оташнишононро намоиш доданд. Таъкид гардид,ки тамоми воситаҳои сӯхторхомушкунандагон аз Федератсияи Россия харидорӣ шуда, барои сари вакт бартараф намудани ва пешгирӣ намудани сӯхтор пешбинӣ гардидааст.

Баъдан Вазири корҳои дохила Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳайати шахсии қисми низомии мазкурро бо 20 солагии Сарқонуни Тоҷикистон табрик намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки афсарону сӯхторнишонон вазифаи дар наздашон бударо содиқона иҷро хоҳанд кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.