Суғд: Иштироки вазири корҳои дохилӣ дар чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи милитсия

Имрӯз дар Кохи «Рӯдакӣ»-и шаҳри Хуҷанд маҷлиси тантанавӣ ва чорабинии идона бахшида ба иди касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ – «Рӯзи милитсия» баргузор гардид. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ин чорабинии бошукӯҳ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсияи Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, губернатори вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон Жениш Разаков, […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар Кохи «Рӯдакӣ»-и шаҳри Хуҷанд маҷлиси тантанавӣ ва чорабинии идона бахшида ба иди касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ – «Рӯзи милитсия» баргузор гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ин чорабинии бошукӯҳ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсияи Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, губернатори вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон Жениш Разаков, сардори РВКД дар вилояти Боткент полковники милитсия Алимбеков Анарбой Мамалатипович, раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, собиқадорон ва ҳайати шахсии РВКД дар вилояти Суғд ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни чорабинии мазкур бо Фармони Вазири корҳои дохилии ҶТ бахшида ба «Рӯзи милитсия» ба зиёда аз 500 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ва 45 нафар собиқадорон тӯҳфаҳои пулию молӣ тақдим карда шуд. Дар фарҷоми ҷаласаи тантанавӣ аз ҷониби ҳунармандони шинохта ва маҳбуб барномаи консертӣ намоиш дода шуд.

Дар ҷараёни сафари корӣ ба вилояти Суғд вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳамчунин дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани бинои дармонгоҳи тиббии РВКД дар вилояти Суғд пас таҷдиду бозсозӣ низ ҳузур дошт. Тавре қайд гардид, корҳои таъмиру азнавсозӣ дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин бо дастгирии ВКД, ҳукумати вилоят ва шаҳри Хуҷанд ва ҳамчунин соҳибкорони маҳаллӣ ба анҷом расонида шуданд.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ меҳмононро хайра мақдам гуфта, изҳор намуд, ки Ҳукумати вилоят тасмим гирифтааст, то аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилоятӣ дар назди Дармонгоҳ як ошхонаи замонавӣ сохта ба истифода диҳад.

Ёдрас мекунем, ки дар доираи сафар ба минтақаи шимоли кишвар вазири корҳои дохилӣ рӯзи 6-уми ноябр ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи бинои нави идораи хадамоти оташнишонии вилояти Суғд ширкат варзида, ҳамчунин аз ноҳияи Конибодом боздид намуда ва дар он ҷо дар маросими кушодашавии ду Минтақаи маъмурии милитсия ва


бинои нави якошёнаи иловагии Шуъбаи ВКД дар шаҳри Конибодом низ ҳузур дошт.

Зимни сафари корӣ вазири корҳои дохилӣ ба ноҳияи Исфара ташриф оварда, ба кушодашавии нуқтаи такягоҳи милитсияи №4-и шаҳраки Шӯроб оғоз бахшид. Ин нуқтаи такягоҳи милитсия аз утоқҳои корӣ ва хобгоҳ барои ҳайати шахсӣ иборат буда, барои фаъолияти самаранок ва истироҳати ҳайати шахсӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...