Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Раиси ҳайати Парлумони Аврупо оид ба муносибат бо кишварҳои Осиёи Маркази Ивета Григулеро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Тавре котиби матбуотии палати поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни мулоқот масоили густариши ҳамкориҳои парлумони Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар бахшҳои қонунофарӣ, демократикунонии ҷомеаи Тоҷикистон, таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ баррасӣ шуданд.
«Татбиқи бомуваффақияти барномаи «Дастури аврупоӣ дар самти демократия ва ҳуқуқи инсон» -ро бояд махсус қайд кард. Ин на танҳо лоиҳаҳои бешумор, ки аз ҷониби ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо татбиқ мегарданд, балки тағйиротҳои куллӣ дар соҳаи қонунгузорӣ низ мебошанд, – иброз дошт Ш.Зуҳуров. – Дар ин қатор эълон доштани моратория барои ҳукми қатл, механизми ҳуқуқии пешгирии шиканҷа, таъмини баробарии гендерӣ, вохӯриҳои мунтазам дар ҳошияи ҳуқуқи инсонро метавон махсус қайд намуд».
Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо аз фаъолияти Комиссияи Аврупо оид ба ҳамкорӣ бо Осиёи Марказӣ, ки ҳанӯз моҳи январи соли 2010 таъсис ёфта буд, изҳори қаноатмандӣ карданд. «И.Григел қайд кард, ки дар Парлумони Аврупо муаррифиномаи ҳайати вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон оид ба ҳамкориро, ки моҳи ноябри соли 2012 пешкаш гардида буд, хуб дар хотир доранд», – таъкид дошт манбаъ.
Дар идома зикр гардид, ки дар вохӯрӣ ҳамчунин ба масоили марбут ба таҳкими марзи давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон ва рушди бештари ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои илму фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир шуд.


