Иштироки паҳлавонони тоҷик дар ду мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон

Варзишгарони тоҷик дар ду мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон – яке байни донишҷӯён ва дигаре миёни наврасони солҳои таваллудашон 1998-2000, ки аз 4-ум то 9-уми декабр дар шаҳри Лимассоли Кипр баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард. Бино ба иттилои бахши тоҷикии сомонаи Радиои Озодӣ бо такя ба гуфтаҳои Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федератсиюни самбои Тоҷикистон,  ки ҳамзамон сардовари мусобиқоти […]

ASIA-Plus



Варзишгарони тоҷик дар ду мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон – яке байни донишҷӯён ва дигаре миёни наврасони солҳои таваллудашон 1998-2000, ки аз 4-ум то 9-уми декабр дар шаҳри Лимассоли Кипр баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.

Бино ба иттилои бахши тоҷикии сомонаи Радиои Озодӣ бо такя ба гуфтаҳои Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федератсиюни самбои Тоҷикистон,  ки ҳамзамон сардовари мусобиқоти ҷаҳонӣ байни донишҷӯён ва наврасон мебошад, ба ҳайати варзишии Тоҷикистон ҳамагӣ 13 нафар – 10 варзишгар, 2 мураббӣ ва як довар – дохиланд.

«Дар сабқати ҷаҳонии донишҷӯён Тоҷикистонро Ардашер Исмоилов (вазни 52 кг), Суруш Каримов (74 кг), Рашид Зиёбеков (82 кг) ва Хуршед Маҷидов (100 кг) намояндагӣ мекунанд. Дар сабқати ҷаҳонӣ байни наврасон шарафи Тоҷикистонро Каюмарс Норов (51 кг), Ҷамолиддин Абдуллоев (55 кг), Муҳаммадшо Беков (59 кг), Илҳом Ҳофиззода (72 кг), Муҳаммадризо Қурбонов (84 кг) ва Хуршед Маҷидов (+84 кг), инчунин миёни духтарон Шоҳида Қаландарова (55 кг) ҳимоя мекунанд», – иброз доштааст ӯ.

Ба гуфтаи Маҳмуди Абдуллоҳ, мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасони синнашон аз 14 то 16-сола барои аввалин бор аз ҷониби Федератсиюни байналмилалии самбо баргузор мешавад ва варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи ҷаҳонии донишҷӯён борҳо ширкат карда, ба натиҷаҳои баланд ноил шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ 170 млн доллар кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.