Ҷилавгирии КДАМ аз кӯшиши гаравгонгирии сокини Шӯрообод

Кормандон Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз кӯшиши гаравгонгирии як сокини деҳаи ҳаммарзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҷилавгирӣ намуданд. Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ, рӯзи 1-уми декабр дар мавзеи Сурхиалами ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод миёни кормандони кумита бо шаҳрвандони мусаллаҳи Афғонистон муқовимати мусаллаҳона сурат гирифта, қочоқбарони афғон як мардро ба сифати гаравгон […]

Аваз Юлдошев



Кормандон Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз кӯшиши гаравгонгирии як сокини деҳаи ҳаммарзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҷилавгирӣ намуданд.

Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ, рӯзи 1-уми декабр дар мавзеи Сурхиалами ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод миёни кормандони кумита бо шаҳрвандони мусаллаҳи Афғонистон муқовимати мусаллаҳона сурат гирифта, қочоқбарони афғон як мардро ба сифати гаравгон ба кишвари ҳамсоя бурданӣ будаанд.

«Бар асари тирапрронии суратгирифта сокини 25-солаи Афғонистон Шукур валади Давлаталӣ безарар гардонида шуда, шаҳрванди дигари ин кишвар – Нодир валади Ҷумъахон захмӣ ва ба ӯ муяссар шуд, ки бо дигар қочқбарон ба қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ барад», – қайд мешавад дар иттилоъ.

Гуфта мешавад, хҳтимол меравад, ки аъзои ин гурӯҳи ҷиноятпеша ба куштору гаравгонгирӣ даст доранд. Дар ҷойи ҳодиса таппонча бо 8 дона тир ва телефони ҳамроҳ бо ду симкорти операторони мобилии Тоҷикистон дарёфт щудааст.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки дар ҷойи ҳодиса қочоқбарони афғон беш аз 11 кило маводи нашъаоварро боқӣ гузоштаанд. Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.