Бунёди маркази таълимии бузургтарини Вазорати мудофиа

Дар қаламрави тамрингоҳи Момираки вилояти Хатлон маркази бузургтарини таълимии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт. Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маркази таълимии «Ҳомиён» бевосита аз ҳисоби воситаҳо ва бо истифода аз захираҳои Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар майдони беш аз 22 гектар бунёд гардидааст. «Дар […]

Аваз Юлдошев



Дар қаламрави тамрингоҳи Момираки вилояти Хатлон маркази бузургтарини таълимии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт.

Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маркази таълимии «Ҳомиён» бевосита аз ҳисоби воситаҳо ва бо истифода аз захираҳои Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар майдони беш аз 22 гектар бунёд гардидааст.

«Дар маркази таълимии мазкур, ки аз макони зисту ошхона ва дигар зербинои зарурӣ иборат аст, метавон барои ҳамаи навъҳои ҷузъу томҳои нерӯҳои нзомии ҷумҳурӣ тамринҳо ва машғулиятҳо доир намуд», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки дар маросими ифтитоҳи марказ вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Мирзо зимни суханрониаш оид ба беҳбуди шароити таълими сарбозону афсарон дар майдони машқи танкҳо ва ободонии қаламрави марказ дастурҳои мушаххас додааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.