Баррасии мушкилоти ҳунармандон ва роҳҳои ҳалли он дар доираи лоиҳаи ИА

Имрӯз дар маркази Исмоилия таҳти унвони «Иттифоқи Ҳунармандон, ҳамчун манбаъ барои ҳунармандони тоҷик” мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар доираи он масъалаҳои дастколои ҳунармандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар ҶТ хабар доданд, мақсади умумии гузаронидани мизи мудаввар, ки аз тарафи Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон баргузор гардид, муҳокимаи ҳолати ҳозираи соҳа […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар маркази Исмоилия таҳти унвони «Иттифоқи Ҳунармандон, ҳамчун манбаъ барои ҳунармандони тоҷик” мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар доираи он масъалаҳои дастколои ҳунармандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар ҶТ хабар доданд, мақсади умумии гузаронидани мизи мудаввар, ки аз тарафи Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон баргузор гардид, муҳокимаи ҳолати ҳозираи соҳа ва роҳҳои беҳтар гардонидани он мебошад. Муҳокимаи ин масъала гирди худ ҳунармандон ва дигар ашхосони шавқмандро бо мақсади дастгирии ҳамоҳангӣ дар ин соҳа ва муҳокимаи нақши ташкилотҳои миёнарав дар рушд ва пешбурди ҳунармандии тоҷик ҷамъ овард.

Менеҷери лоиҳаи «Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ бо ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат» Марко Алфиери аз ташкилоти итолиёвии Чезви бо ҳисоботи худ оиди равиши соли якуми лоиҳа баромад намуд. Ғайр аз он, дар мизи мудаввар роҳбари иҷроияи Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон Ғуломов Ҳусейн сухан намуда, оиди масъалаҳои муҳими ҳамкории ҳунармандон бо ташкилотҳо дар мисоли Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон маълумот дод. Роҳбари иҷроияи Ассотсиатсиаи миллии соҳибкории хурд ва миенаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Насибахон Аминова маърӯзаи худро оиди иҷрокунии яке аз қисмҳои лоиҳа, ки мақсади он рушди тарҳи қонун оиди ҳунармандӣ дар Тоҷикистон мебошад, ҳисобот дод.

Умед Шарипов, роҳбари Ассотсиятсияи Туризми дар ҷомеа асосёфтаи Тоҷикистон, ва Тахмина Каримова аз Ассотсиатсияи миллии занонии соҳибкори Тоҷикистон муҳокимаро анҷом дода, ҷиҳатҳои арзишнокро аз нигоҳи ду ташкилоти ҳамкори дар соҳаҳои марбутбуда, баён намуданд.

Ин чорабинӣ дар доираи лоиҳаи «Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ бо ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда шудааст, гузаронида шуд. Лоиҳа дар давоми ду сол мақсади кӯмак расонидан ба рушди соҳаи ҳунармандии тоҷик, таҳти таваҷҷӯҳи хоса ба интегратсияи минтақавии соҳаи ҳунармандиро дорад. Ин мақсад бо баланд бардоштани иқтидори корбарии Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон, ташкилоти асосии миёнарави ҳунармандӣ дар мамлакат амалӣ мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.