Мувофиқи қарори аз ҷониби раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев баимзорасида, иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум санаи 24-уми декабр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Тавре ёвари раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Шавкат Саидов хабар дод, дар иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллӣ қонунҳои қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумон тасдиқшгуда, аз ҷумла қонунҳо «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо» ва «Дар бораи назорати воридот» баррасӣ мешаванд.
Мутобиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, дар ҳар як даъват палатаи болоии парлумони кишвар бояд на камтар аз 20 иҷлосия баргузор намояд ва иҷлосияи санаи 24-уми декабр иҷлосияи охирин барои аъзои даъвати кунунии Маҷлиси миллӣ аст.
Тибқи фармони президенти кишвар аз 5-уми декабр, интихоботи аъзои нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ 27-уми марти соли 2015 баргузор мешавад.


