Таъини довар аз Ӯзбекистон ба бозии байни «Истиқлол» ва «Эрбил»

Бозии аввалии чемпиони секаратаи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе дар доираи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 бо «Эрбил»-и Ироқро ҳайати доварони ӯзбекистонӣ бо сардории рефери ФИФА Илгиз Танташев ҳакамӣ мекунанд. Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ёварони довари 30-солаи ӯзбекистонӣ, ҳамватанони ӯ Ҳусниддин Шодмонови 38-сола ва Алишер Усмонови 30-сола мебошанд. Вазифаи довари эҳтиётиро рефери ФИФА Шерзод […]

ASIA-Plus



Бозии аввалии чемпиони секаратаи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе дар доираи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 бо «Эрбил»-и Ироқро ҳайати доварони ӯзбекистонӣ бо сардории рефери ФИФА Илгиз Танташев ҳакамӣ мекунанд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ёварони довари 30-солаи ӯзбекистонӣ, ҳамватанони ӯ Ҳусниддин Шодмонови 38-сола ва Алишер Усмонови 30-сола мебошанд. Вазифаи довари эҳтиётиро рефери ФИФА Шерзод Қосимови 26-сола бар ӯҳда дорад. Доварони ин бозиро Виктор Колпаков аз Қирғизистон назорат мекунад. Комиссари бозӣ Тох Сен Ни аз Малайзия мебошад.

Ёдовар мешавем, ки бозии даври якуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2015, дар чоргонаи «С», байни чемпиони Тоҷикистон «Истиқлол»-и пойтахт ва «Эрбил»-и Ироқ, ки финалисти порсолаи сабқати мазкур мебошад, рӯзи 25 феврал дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, соати 14.00 баргузор мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.