Боздиди дипломати амрикоӣ аз ситоди ҲХДТ

Муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода бо котиби дуюми сафорати ИМА дар Тоҷикистон Брендон Шервуд мулоқот намуда, зимни суҳбат оид ба омодагиҳо ба маъракаи интихоботӣ табодули афкор сурат гирифт. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, Асрор Латифзода ба дипломати амрикоӣ доир ба ба сохтори ҳизб, мавқеи он дар ҷомеаи Тоҷикистон, фаъолияти гуногунҷабҳаи он, […]

ASIA-Plus



Муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода бо котиби дуюми сафорати ИМА дар Тоҷикистон Брендон Шервуд мулоқот намуда, зимни суҳбат оид ба омодагиҳо ба маъракаи интихоботӣ табодули афкор сурат гирифт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, Асрор Латифзода ба дипломати амрикоӣ доир ба ба сохтори ҳизб, мавқеи он дар ҷомеаи Тоҷикистон, фаъолияти гуногунҷабҳаи он, Барномаи пешазинтихоботӣ, афзоиши аъзо ва сафарбаркунии гуруҳҳои таблиғотӣ дар маъракаҳои пешазинтихоботӣ маълумот дод.

Гуфта мешавад, дипломати амрикоӣ ба афзоиши рӯзафзуни аъзоиҳизб, ҷалби бештари ҷавонон ба сафи он ва бо барномаҳои мушаххас ба интихобот ворид шудани ҲХДТ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Зикр мегардад, ки баъдан Котиби дуюми сафорати ИМА дар Тоҷикистон аз ситоди Маркзии ҲХДТ боздид намуда, бо ҷараёни корҳо дар ситод аз наздик шинос шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.