ҲСДТ аз таҳрими интихоботи парлумонӣ даст кашид

Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) қарори рӯзи 18-уми январ қабулкардаи худ дар бораи муваққатан даст кашидан аз иштирок дар интихоботи парлумониро бекор кард. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи 29-уми январ раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров бо дархости ба қайд гирифтани номзадҳои пешбаришудаи ҳизб тибқи рӯйхати […]

Аваз Юлдошев



Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) қарори рӯзи 18-уми январ қабулкардаи худ дар бораи муваққатан даст кашидан аз иштирок дар интихоботи парлумониро бекор кард.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи 29-уми январ раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров бо дархости ба қайд гирифтани номзадҳои пешбаришудаи ҳизб тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва ҳамчунин номзадҳо аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ расман ба КМИР Тоҷикистон муроҷиат кардааст.

«Маросими сабти расмии 14 нафар номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон, ки тибқи рӯйхати ҳизбии ҲСДТ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешбарӣ шудаанд, ба санаи 2-юми феврал таъин шуд», – қайд кард Додозода.

Ёдрас мекунем, ки қарори Шӯрои сиёсии ҲНИТ оид ба муваққатан даст кашидан аз иштирок дар интихоботи парлумонӣ  дар робита ба содир шудани ҳукми ғайримунсифона нисбати муовини раиси ҳизб адвокат Шуҳрат Қудратов ва ҳамчунин бинобар сабаби афзоиши фишор ва монеъагузориҳо ба ҲСДТ аз ҷониби ҳукуматдорон қабул шуда буд.

«Агар мушкилоти дар боло зикргардида ҳал нашаванд, анҷумани фавқулодаи ҳизб даъват шуда, дар он масъалаи эълони таҳрим ба интихобот аз ҷониби ҳизби мо баррасӣ мешавад», – таъкид дошта буд дар ин робита раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров.

Қобили зикр аст, ки рӯйхати ҳизбии номзадҳои ҲСДТ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз 14 нафар иборат аст, ки онро муовини раиси ҳизб Амният Абдулназаров роҳбарӣ мекунад. Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров таҳти рақами 3 дар рӯйхат сабт шудааст. Номзадҳои ҲСДТ қаблан санҷиши донистани забони давлатиро муваффақона супурданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.