Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Суғд

Дар ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки таҳти раёсати Раиси Шӯрои ҷамъиятии ҳаракат, Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ, имрӯз, 28 январ доир гардид, фаъолияти Шӯро дар соли 2014 мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вазифаҳои аъзои ҳаракат барои соли равон муайян гардиданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти […]

ASIA-Plus



Дар ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки таҳти раёсати Раиси Шӯрои ҷамъиятии ҳаракат, Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ, имрӯз, 28 январ доир гардид, фаъолияти Шӯро дар соли 2014 мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вазифаҳои аъзои ҳаракат барои соли равон муайян гардиданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар оғози ҷаласа бо назардошти ба амал омадани тағиротҳои кадрӣ чанд нафар аъзои нави Шӯро пешниҳод ва қабул карда шуданд.

Дар ин замина Мавлуда Шарифова аъзо ва котиби масъули ҳаракат, Абдусалом Ваҳҳобов ва Фируза Раҳимова аъзои Шӯро интихоб гардиданд. Доир ба фаъолияти Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар соли 2014 муовини якуми Раиси Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Абдуҷалил Бобокалонов маъруза кард.

Таъкид гардид, ки Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аз рӯзи ташкилёбиаш то кунун ҳамчун нерӯи тавоно дар пойдории сулҳу суботи давлати соҳибистиқлол ва ташвиқу тарғиби ғояи асосии пешрафти давлатдории тоҷикон – Ваҳдати миллӣ саҳм гузошта, зери роҳбарии Президенти мамлакат, Раиси Шӯрои марказии ҳаракат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз низ барои пойдории ваҳдати сиёсиву иқтисодӣ ва маънавии мардум талош меварзад. Аъзои ҳаракат дар баробари саҳм гузоштан дар рушди маънавии ҷомеа, ҳамзамон дар таъмини се ҳадафи стратегии давлату Ҳукумати кишвар – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти комуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ ва иқдомҳои созандаи роҳбарияти вилоят ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум ҳиссагузор мебошанд.

Бояд гуфт, ки шумораи ташкилотҳои ибтидоии ҳаракат дар ҷумҳурӣ ба 7476 адад расидааст, ки беш аз 1 миллиону 300 ҳазор нафарро дар худ муттаҳид мекунанд. Дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят низ  ташкилотҳои ибтидоии он созмон дода шуда, шумораи аъзоёни он  ба зиёда аз 700 ҳазор нафар мерасад.

Давоми соли 2014 кумитаи иҷроияи ҳаракат дар вилоят фаъолияти хешро дар самти ташкили гурӯҳҳои тарғиботӣ, баргузории маҳфилҳои эҷодии адибони шинохта, аз ҷумла маҳфили «Адибони ваҳдатсаро», конфронсҳои илмию амалӣ, сӯҳбату мулоқоти фаъолони ҳаракат бо табақаҳои гуногуни ҷомеа, сафарҳо ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳуриро ба роҳ монда, дар ин чорабиниҳо асосан ғояи сулҳу ваҳдат, моҳияти Паёмҳои Президенти мамлакат ва дастовардҳои замони Истиқлолиятро тарғиб кардааст.

Ба хотири тарғибу ташвиқи арзишҳои умумимиллӣ ва дастовардҳои замони Истиқлолият, вусъат бахшидани мубориза бо зуҳуроти номатлубе чун терроризму экстремизм ва ба муносибати 20 – солагии таъсиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки дар назди Шӯрои ҷамъиятии ҳаракат «Маркази тарғиботии Ваҳдат» таъсис дода шуда, дар миёни ташкилотҳои ибтидоии шаҳру навоҳӣ озмун эълон гардад.

Раиси вилояти Суғд, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилоят Абдураҳмон Қодирӣ изҳори умед намуд, ки аъзои ҳаракат ҳамеша дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд ва дар соли равон, ки соли оила, соли гулҳо ва рушди фарҳанг, соли идомаи иқдомҳои ободониву созандагӣ ва таҷлили ҷашни Наврузи байналмилалӣ дар вилоят мебошад, бо дарки масъулияти баланд ва эҳсоси бузурги ватандорӣ фаъолияти хешро ба роҳ хоҳанд монд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.