Дар Тоҷикистон ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис меёбад

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози маҷлис Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 зикр гардидаанд, тасдиқ карда шуд. […]

ASIA-Plus



Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози маҷлис Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 зикр гардидаанд, тасдиқ карда шуд.

Нақшаи мазкур аз 74 банд иборат буда, дар он, аз ҷумла, доир ба таҳияи нақшаҳои чорабиниҳои идоравӣ барои омӯзиш ва иҷрои нишондодҳои Паём, Соли оила эълон намудани соли 2015, таъсиси институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва чорабиниҳои зиёд барои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути афзун намудани истеҳсолоти ватанӣ ва иқтидори содиротии кишвар ва муҳайёсозии беш аз 200 000 ҷойҳои нави корӣ дар соли равон пешбинӣ шудаанд.

Сипас Ҳайати Кумитаи тадорукот оид ба таҷлили 25-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳо оид ба истиқболи ин санаи фархундаи таърихӣ, ки қариб аз 200 банд иборат аст, тасдиқ карда шуд.

Таъкид гардид, ки 25-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо дастовардҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ бояд истиқбол гирифта шавад.

Роҳбарияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонии муҳити зист, бунёди корхонаю муассисаҳои истеҳсолӣ ва афзун намудани ҷойҳои кориро вусъат бахшида, рушди босуботу бонизоми иҷтимоию иқтисодии кишварро таъмин намоянд.

Як зумра чорабиниҳои муҳими дигар доир ба тарғибу ташвиқи арзишҳои воло ва муқаддасоти таърихию фарҳангӣ, тарбияи ҳисси хештаншиносӣ ва ифтихору сарфарозӣ аз давлатдории миллӣ ва баланд бардоштани масъулияти ватандории насли ҷавони кишвар дар назар аст. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Доир ба як қатор масъалаҳои дигар низ қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.