Мавзуна Чориева номзад ба вакилӣ дар Маҷлиси вакилони пойтахт пешбарӣ шуд

Варзишгарони тоҷик Мавзуна Чориева, дорандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Лондон ва Муҳаммад Бодаков, қаҳрамон ва дорандаи як қатор ҷоизаҳои мусобиқаҳои байнулмилалӣ дар риштаи каратэ-до аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мутаносибан дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода номзадҳо ба вакилӣ пешбарӣ шуданд. Ҳарду варзишар ба васоити ахбори умуми ҷумҳурӣ дар ин робита […]

Сайфиддин Қараев



Варзишгарони тоҷик Мавзуна Чориева, дорандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Лондон ва Муҳаммад Бодаков, қаҳрамон ва дорандаи як қатор ҷоизаҳои мусобиқаҳои байнулмилалӣ дар риштаи каратэ-до аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мутаносибан дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода номзадҳо ба вакилӣ пешбарӣ шуданд.

Ҳарду варзишар ба васоити ахбори умуми ҷумҳурӣ дар ин робита изҳор намудаанд, ки дар сурат соҳиб шудан ба курсии вакилӣ, баҳри рушди варзиш ва дастгирии ҷавонон талош хоҳанд варзид.

Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳиии назди ҳукумати ҶТ, беҳтарин варзишгари соли 2014 дар Тоҷикистон гурзандоз Дилшод Назаров қайд кард, ки пешбарии варзишгарон ба вакилӣ падидаи мусбат дар ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон аст. «Умедворем, ки дар интихоботи минбаъда шумори вакилон аз ҳисоби варзишгарон зиёд хоҳад шуд», – гуфт Дилшод Назаров.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.