Таъсиси Мактаби варзишии махсуси камонварӣ дар Суғд

Тибқи қарори раиси виояти Суғд, бо мақсади мукаммал ва баланд бардоштани сатҳ, малакаю маҳорати камонварӣ дар вилоят, маънавиёту руҳияи ҷавонон ба василаи машғулиятҳои таълимӣ, инчунин омодагӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои гуногун Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии махсуси бачагону наврасон оид ба камонварӣ» – и вилояти Суғд таъсис дода мешавад. Бино ба иттилои хадамоти матлуоти раиси вилояти […]

ASIA-Plus



Тибқи қарори раиси виояти Суғд, бо мақсади мукаммал ва баланд бардоштани сатҳ, малакаю маҳорати камонварӣ дар вилоят, маънавиёту руҳияи ҷавонон ба василаи машғулиятҳои таълимӣ, инчунин омодагӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои гуногун Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии махсуси бачагону наврасон оид ба камонварӣ» – и вилояти Суғд таъсис дода мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матлуоти раиси вилояти Суғд, муассиси мактаб мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аст ва он чун муассисаи варзишӣ таҳсилоти иловагии таълимӣ буда, сиёсати давлатро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, оммавияти камонвариро дар вилоят тарғибу ташвиқ менамояд.

Мактаб варзишгаронро барои иштирок дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ, Бозиҳои олимпии наврасон, Универсиадаи донишҷӯён, Бозиҳои параолимпӣ, сурдоолимпӣ, осиёгӣ ва дигар мусобиқаҳои байналмилалии бонуфуз омода месозад.

Қабул шудан ба мактаб бо аризаи волидайн, машқварзон, варзишгарон ё намояндагони қонунии онҳо, маълумотномаи ташхиси тиббӣ ва вазъи саломатӣ, мутобиқи Низомномаи намунавии мактабҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи таълимии намудҳои варзишӣ, инчунин пас аз супоридани меъёрҳои муқарраргардидаи махсус сурат мегирад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.