Болоравии назарраси қурби доллар нисбати арзи миллӣ дар бозори асъори Тоҷикистон

Аз оғози сол қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бозори нақдии асъори ҷумҳурӣ нисбати арзи миллӣ – сомонӣ 4,4% боло рафт. Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), санаи 11-уми феврал қурби миёнаи хариду фурӯши доллар дар бозори нақдии кишвар 5.7025-5.7200 сомонӣ  (барои 1 $)-ро ташкил медиҳад. Аввали сол (1 январ) қурби миёнаи хариду фурӯши […]

Пайрав Чоршанбиев



Аз оғози сол қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бозори нақдии асъори ҷумҳурӣ нисбати арзи миллӣ – сомонӣ 4,4% боло рафт.

Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), санаи 11-уми феврал қурби миёнаи хариду фурӯши доллар дар бозори нақдии кишвар 5.7025-5.7200 сомонӣ  (барои 1 $)-ро ташкил медиҳад. Аввали сол (1 январ) қурби миёнаи хариду фурӯши доллар 5.4650-5.4850 сомониро ташкил дода буд.

Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА бо сомонӣ дар бозори асъори байнибонкии ҷумҳурӣ бошад, дар ин давра аз 4% – аз 5.3618-5.4556 сомонӣ (1 январ) то ба 5.5225-5.6956 сомонӣ(11 феврал) афзуд.

Дар ҳамин ҳол, қурби расмии аз ҷониби БМТ муқаррашуда нисбат ба сомонӣ ҳамагӣ 1,8% – аз 5.3074 сомонӣ (1 январ) то 5.3907 сомонӣ (11 феврал) тағйир ёфт.

Бино ба маълуомти БМТ, соли 2014 қурби миёнаи доллари амрикоӣ нисбати сомонӣ дар бозори асъори Тоҷикистон 10,7% ва қурби расмӣ – 11,2% боло рафтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.