USAID барномаи нави мубориза бо бемории сил дар Осиёи Марказиро оғоз мекунад

Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Сюзан М. Эллиотт ва Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) барномаи нави назорати бемории силро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз мекунанд. Тавре аз бахши иттилооти сафорати ИМА дар ҶТ хабар доданд, ҳадафи ин барномаи минтақавӣ такмили ташхис ва табобати бемории сил дар Тоҷикистон мебошад. Барномаи мазкур идомаи барномаҳои қаблии USAID, […]

ASIA-Plus



Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Сюзан М. Эллиотт ва Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) барномаи нави назорати бемории силро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз мекунанд.

Тавре аз бахши иттилооти сафорати ИМА дар ҶТ хабар доданд, ҳадафи ин барномаи минтақавӣ такмили ташхис ва табобати бемории сил дар Тоҷикистон мебошад. Барномаи мазкур идомаи барномаҳои қаблии USAID, аз ҷумла  “TB CARE I”, “Тандурустии босифат” (QHCP) ва “Муошират оиди ВНМО ва бемории сил” мебошад,

Гуфта мешавад, дар натиҷаи ҳамкории муштараки USAID ва ҳукумати Тоҷикистону дигар шарикон дар мубориза бар зидди сил вазъият дар панҷ соли охир ба эътидол оварда шуд, аммо, бино ба ҳисоботи охирини умумиҷаҳонӣ дар бораи сил, афзоиши шакли мутобиқгаштаи сил дар ҳамаи панҷ кишвари Осиё Марказӣ боиси нигаронӣ аст.

«Ҳадафи барномаи панҷсолаи USAID оиди назорати сил паст намудани сатҳи бемории сил ва шакли мутобиқгаштаи он дар Тоҷикистон мебошад. Барнома ба беҳтаргардонии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба ташхис ва табобати бемории сил бо истифода аз усулҳои ба бемор нигароншуда, тақвияти таҳлилгоҳу дигар қисматҳои тандурустӣ дар вилояти Суғду Хатлон ва водии Рашт, ҳамчунин қабули ҳуҷҷатҳои танзимкунанда дар сатҳи миллӣ равона карда шудааст», – омадааст дар иттилоияи сафорати ИМА.

Сафир Эллиотт дастоварди бузурги USAID ва Ҳукумати Тоҷикистонро дар мубориза бар зидди сил қайд намуда, иқрор намуд, ки мубориза ҳануз ба охир нарасидааст.

Барнома аз ҷониби консортсиуми шарикон бо роҳбарии Лоиҳаи “ҲОУП” ва дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Шоҳигарии Нидерланд оид ба мубориза бар зидди бемории сил (KNCV), Созмони байналмилалии муҳоҷират, Фонди СПИД Шарқу Ғарб амалӣ мегардад.

“Барномаи назорати бемории сил”-и USAID бо буҷаи пешбинигардидаи 13,2 миллион доллари ИМА дар муддати панҷ сол боз як мисоли кӯмаки ҳукумати ИМА барои беҳтар намудани саломатии шаҳрвандони Тоҷикистон аст. Кумакҳои грантии USAID ба Тоҷикистон ҳоло ба ҳисоби миёна ҳар сол тақрибан 30 миллион долларро ташкил медиҳад, ки аз он 30% ба соҳаи тандурустӣ равона шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.