Хадамоти муҳоҷират ба дастрасии маоши муҳоҷирон кумак кард

Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазрати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба дастрас шудани музди меҳнати муҳоҷири корӣ, зодаи ноҳияи Шӯрообод Хайриддин Қурбонов дар ҳаҷми 180 ҳазор рубл мусоидат намуд. Сухангӯи намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки муҳоҷири кории номбурда бо ариза ба намояндагӣ муроҷиат карда, изҳор доштааст, ки […]

Аваз Юлдошев



Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазрати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба дастрас шудани музди меҳнати муҳоҷири корӣ, зодаи ноҳияи Шӯрообод Хайриддин Қурбонов дар ҳаҷми 180 ҳазор рубл мусоидат намуд.

Сухангӯи намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки муҳоҷири кории номбурда бо ариза ба намояндагӣ муроҷиат карда, изҳор доштааст, ки аз моҳи сентябри соли 2014 то моҳи январи соли равон дар яке аз ширкатҳои сохтмонии шаҳри Маскав кор карда, бо сабабҳои номаълум ширкат қисмате аз музди меҳнаташро пардохт накардааст.

«Пас аз гуфтушуниди корманди намояндагӣ бо раҳбарияти ин ширкати сохтмонӣ масъалаи мазкур роҳи ҳалли худро пайдо намуда, ба муҳоҷири корӣ музди меҳнаташ пурра пардохта шуд», – гуфт сухангӯи намояндагӣ.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин муҳоҷири корӣ, зодаи шаҳри Конибодом Шералӣ Деҳқонов, ки дар ҶДММ «Веста» кор мекардааст, пас аз муроҷиат ба намояндагӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор рубл қарзи музди меҳнаташро дастрас намуд.

Қобили зикр аст, ки давоми соли 2014 намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷирони кории тоҷик дар дастрас намудани 

беш аз 24 млн. рубли русӣ

 музди меҳнаташон мусоидат кард. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.