Сабти беш аз 6 ҳазор номзад ба вакилӣ дар Тоҷикистон

Дар маъракаи интихобот ба Маҷлисҳои вакилони халқи вилоят, ноҳия ва шаҳрҳо 6 ҳазору 32 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба сифати номзад ба вакилӣ ба қайд гирифта шуданд. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки миёни номзадҳо сабтшуда ба вакилӣ дар маҷлисҳои маҳаллӣ намояндагони ҳашт ҳизби сиёсии кишвар, афроди тариқи […]

Аваз Юлдошев



Дар маъракаи интихобот ба Маҷлисҳои вакилони халқи вилоят, ноҳия ва шаҳрҳо 6 ҳазору 32 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба сифати номзад ба вакилӣ ба қайд гирифта шуданд.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки миёни номзадҳо сабтшуда ба вакилӣ дар маҷлисҳои маҳаллӣ намояндагони ҳашт ҳизби сиёсии кишвар, афроди тариқи худпешбаришуда ва ғайриҳизбиён ҳузур доранд.

«Мутобиқи талаботи меъёрҳои қонунгузорӣ сабти номзадҳо ба вакилӣ дар ҷамоатҳо то 23 феврал идома меёбад «, – иброз дошт ӯ.

Додозода хотиррасон намуд, ки комиссияҳои ҳавзавии интихоботии Тоҷикистон 185 нафар шаҳрвандони кишварро расман номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба қайд гирифтанд.

Аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ дар маҷмӯъ 212 нафар номзадҳо пешбарӣ шуда буданд, вале 27 нафари онҳо ё номзадии худро бозпас гирифтаанд ва ё ба комиссияҳои интихоботӣ ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накардаанд.

Аз 185 нафар номзадҳои расман сабтшуда 80 нафарашон тариқи худпешбарӣ ва 105 нафарашон аз ҷониби аҳзоби сиёсӣ пешбарӣ шуда, аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ 32 нафар занон низ барои курсии вакилӣ рақобат мекунанд.

Қобили зикр аст, ки аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ 22 нафар вакил ба палатаи поёнии парлумон интихоб мешавад. Аз ҳавзаи мазкур КМИР Тоҷикистон 103 нафар номзадҳоро ба қайд гирифт.

Аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ 41 нафар вакил ба падатаи поёнии парлумон интихоб мешавад. Аз ин ҳавза КМИР Тоҷикистон 185 нафар довталабон ба курсии парлумониро сабти ном кард.

Ҳамин тариқ, ба 63 курсӣ дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 288 нафар номзадҳо довталабӣ мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои кишварҳои кӯҳистони минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон аҳаммияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.