Шаҳрдории Душанбе Шабакаи аввалро дар таҳрифи воқеият айбдор медонад

Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои (РИР) ноҳияҳои  шаҳри Душанбе бо баррасии гузориши телевизионии барномаи «Ахбор»-и Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон, ки субҳ ва нисфирӯзии  24 феврали соли 2015 дар иртибот ба ҳолати нигаҳдорӣ ва бехатарии роҳҳо зимни бартарафсозии бориши барфи пуршиддат бо ғараз ва пайгирии ҳадафи нопок оид ба фаъолияти РИР пахш гардид, қотеъона  талаб менамоянд, ки ба […]

ASIA-Plus



Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои (РИР) ноҳияҳои  шаҳри Душанбе бо баррасии гузориши телевизионии барномаи «Ахбор»-и Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон, ки субҳ ва нисфирӯзии  24 феврали соли 2015 дар иртибот ба ҳолати нигаҳдорӣ ва бехатарии роҳҳо зимни бартарафсозии бориши барфи пуршиддат бо ғараз ва пайгирии ҳадафи нопок оид ба фаъолияти РИР пахш гардид, қотеъона  талаб менамоянд, ки ба пахши гузоришҳои ғайримунсифона хотима дода шавад.

Дар муроҷиати раисони РИР-и пойтахт, ки дар сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории Душанбе интишор шудааст, ки дар ин робита зикр мегардад, ки РИР аз ҷониби ситодҳои доимоамалкунандаи шаҳрию ноҳиявӣ  бобати пешгӯии боду ҳаво ва боришоти барф қаблан огоҳонида шуда, омодагияшон  берун аз хостаҳои гузоришгарон  роҳандозӣ гардида буд.  Бо инобати аз соати 6-и субҳ оғоз гардидани бориши барф,  дар тамоми ноҳияҳо техникаҳо ва кормандон барои пошидани маводи инертӣ дар роҳҳо сафарбар карда шуданд, ки то соати 12-00 аз ҷониби РИР 1745 тонна маводи мазкур дар роҳҳо пошида шуданд. Оне, ки гузоришгарони иҷрокунандаи ҳадафҳои нопок ин фаъолиятро нодида гирифта, барои таҳрифи воқеият мусоҳибаҳои пурғараз омода карданд, ба имону виҷдони онҳо ва фаромоишгаронашон ҳавола месозем.

Гуфта мешавад, дигар ин, ки барои мабодо ва ояндаатон дониста гиред, ки техникаҳои барфрӯбӣ  тибқи меъёрҳои роҳсозӣ ВСН 24-88 “Қоидаҳои техникии таъмир ва нигоҳдории роҳҳои  нақлиётӣ” танҳо  пас аз 10 см шудани қабати ғафсии барф сафарбар карда мешаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки новобаста аз ин ва таъкидҳои пурғараз маълуматон медорем, ки оид ба  нигаҳдорӣ ва таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо барои бартарафсозии оқибати бориши барфи пуршиддат дар ноҳияҳои Сино 48 адад, Шоҳмансур 34 адад,  Фирдавсӣ 30 адад ва И.Сомонӣ 24 адад техникаю механизмҳо ва 2447 кормандони РИР сафарбар гардида, тибқи меъёрҳо ҳолати зарурии роҳҳои зертавозунро таъмин намуданд.

Ҳамчунин талаб мешавад, ки «агар дар эҳтироми худ ва касбияти журналистӣ заррае қоил нестед, бо нодида гирифтани  заҳмати сангини кормандони РИР шарафу эътибори онҳоро паст назанед».

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои расида ба «Азия-Плюс», раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев роҳбарони корхонаҳои воҳиди давлатии коммуналии «Автобус-1» ва «Троллейбус» Ҷумъахон Давлатов ва Абулхайр Алиевро аз мансаб барканор кардааст.

Ба гуфтаи манбаъ, сабаби асосии аз мансаб барканор шудани роҳбарони ин корхонаҳо таъмини нокофии аҳолӣ бо нақлиёти мусофирбар рӯзи 24 феврал будааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.