Номзади ҲНИТ дар Румӣ 150 ҳазор сомонӣ ҷуброни маънавӣ талаб дорад

Абдуқаҳҳори Давлат, номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии Ҷ.Румӣ №30 ба Суди ноҳияи мазкур аризаи шикоятӣ оиди монеъ шудан ба ташвиқоти пешазинтихоботӣ ва сӯистифода аз мансаби давлатӣ дар мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шикоят бурдааст. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, номзади ҳизб аз суд барои барқарор кардани шаъну шараф 150 ҳазор сомонӣ ҷуброни маънавӣ […]

ASIA-Plus



Абдуқаҳҳори Давлат, номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии Ҷ.Румӣ №30 ба Суди ноҳияи мазкур аризаи шикоятӣ оиди монеъ шудан ба ташвиқоти пешазинтихоботӣ ва сӯистифода аз мансаби давлатӣ дар мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шикоят бурдааст.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, номзади ҳизб аз суд барои барқарор кардани шаъну шараф 150 ҳазор сомонӣ ҷуброни маънавӣ талаб кардааст, ки ин ҳам барои ободонии маҳаллу дигар чизҳо сарф хоҳад гашт.

Даъвогарон Абдуқаҳҳори Давлат ва Абдуқодир Холисов, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ҷ. Рӯмӣ аз болои раиси маҳаллаи М. Горкий, ҷамоати деҳаи Туғаланги ноҳияи мазкур ва ҳамҷавобгар Мақомоти худидоракунии ҷамоати Туғаланг ба суд бо якчанд нуктаҳои муҳим шикоят кардааст.

 Дар ин ариза омадааст, ки дар асоси бандҳои алоҳидаи қонунгузорӣ, ки барои монеъ шудан ба мулоқоти номзад ба вакилӣ ва халал ворид кардан ба корҳои интихоботӣ раиси маҳалла Раупов Раҳимбекро, ки берун аз ҳолатҳои хидматӣ амал карда, аз мансаби худ сӯистифода намудааст, ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Чизи дигаре, ки дар ин ариза илова шудааст, ин барои паст намудани обрӯ ва ҳайсияти ҳизб ва номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз раиси маҳалла Раупов дар ҳаҷми 150 ҳазор сомонӣ ҷуброни маънавӣ ситонида шуда, маблағи мазкур барои ободонии маҳалла ва бунёди як толори фарҳангии замонавӣ сарф карда шавад.

Ва гуфта шудааст, ки раиси маҳалла Раупов Раҳимбек ва мақомоти худидоракунии ҷамоати Тағаланг вазифадор карда шаванд, ки мулоқоти номзадро дар доираи ҷадвали тасдиқнамудаи комиссияи ҳавзавии интихобот барои мулоқот бо интихобкунандагони маҳаллаи мазкур фароҳам биёранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.