Гузориши ҶТ ба СММ оид ба иҷрои муқаррароти Паймони байналмилалии ҳуқуқҳо

Рӯзҳои 24- 25 феврали соли 2015 дар рафти иҷлосияи 54 Кумита оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид дар Женева ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон маърузаи миллии  даврии дуюм ва сеюми Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба иҷрои муқаррароти Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пешниҳод намуд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии […]

ASIA-Plus



Рӯзҳои 24- 25 феврали соли 2015 дар рафти иҷлосияи 54 Кумита оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид дар Женева ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон маърузаи миллии  даврии дуюм ва сеюми Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба иҷрои муқаррароти Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пешниҳод намуд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ҳайати Тоҷикистонро, ки аз намояндагони вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии омор иборат аст,  дар иҷлосияи мазкур Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам роҳбарӣ мекунад.

Гуфта мешавад, Паймони мазкур дар асоси қатъномаи 2200А-и Маҷмаи умумӣ   аз 16 декабри соли 1966 қабул шуд ва тибқи моддаи 27-ум 3 январи соли 1976  эътибори қонунӣ пайдо кард.  Он фароҳам овардани шароитҳоеро, ки барои ҳар кас  имконияти истифода бурдани  ҳуқуқҳои  иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро таъмин намоянд,  пешбинӣ намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Паймони байналмилалӣ 4 январи соли 1999 ҳамроҳ шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.