Боздошти нашъаҷаллоби қаблан маҳкумшуда дар Панҷакент

Аз тарафи кормандони Шуъбаи байниноҳиявии Зарафшони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳри Панҷакент ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар як сокини маҳаллӣ дастгир карда шуд, ки аз ӯ як бастаи селлофанӣ бо маводи ҷигариранг мусодира гардид. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, […]

ASIA-Plus



Аз тарафи кормандони Шуъбаи байниноҳиявии Зарафшони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳри Панҷакент ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар як сокини маҳаллӣ дастгир карда шуд, ки аз ӯ як бастаи селлофанӣ бо маводи ҷигариранг мусодира гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, мутобиқи хулосаи Шуъбаи ташхиси криминалистии ШВКД шаҳри Панҷакент, маводи мусодирашуда афюн буда, вазни он тақрибан 500 граммро ташкил менамояд.

Гуфта мешавад, тафтишоти пешакӣ нишон додааст, дастгиршуда қаблан бо м. 240 КҶ ҶТ «Ташкил ё нигоҳдории қиморхона (казино), мизу автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ» суд шуда, баъди ба озодӣ баромадан, ният доштааст, дар ҳудуди шаҳри Панҷакент бо паҳн намудани афюн машғул шавад. Дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳаммаслаки ӯ – сокини деҳаи Нуристони шаҳри Панҷакент дастгир гардид.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур аз тарафи Шуъбаи тафтишоти Раёсати Агентӣ бо моддаи 200 қ.2 КҶ ҶТ «Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори начандон калон» парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад ва боздоштшудагон ба тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати Агентӣ ворид карда шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар семоҳаи аввал 170 млн доллар кам шуд

Мақомот то охири соли боз ду баробар коҳиш додани онро ба нақша гирифта, лекин ният доранд, ки қарзҳои бештар бузург ҷалб созанд.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.