Дастури нахуствазир оид ба тезонидани корҳо дар қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон

Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 2 март директори генералии ширкати «Гурӯҳи ширкатҳои 19»-и Чин Жан Юнтсузунро ба ҳузур пазируфта, зимни мулоқот масъалаи иштироки ин ширкат дар сохтмони қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон баррасӣ шуд. Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нахуствазир ба ҳамсуҳбати худ маълумот […]

Аваз Юлдошев



Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 2 март директори генералии ширкати «Гурӯҳи ширкатҳои 19»-и Чин Жан Юнтсузунро ба ҳузур пазируфта, зимни мулоқот масъалаи иштироки ин ширкат дар сохтмони қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон баррасӣ шуд.

Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нахуствазир ба ҳамсуҳбати худ маълумот дод, ки бо супориши президенти мамлдакат Эмомалӣ Раҳмон сохтмони қитъаи роҳи оҳани мазкур бояд то моҳи сентябри соли 2016 ба итмом расонида шавад.

«Расулзода таъкид дошт, ки сарфи назар аз имконоти бузурги моливу фаннии ширкат дар бунёди пулу нақбҳо, суръати сохтмони қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон нисбатан сусут ҷараён дорад», – қайд кард Муҳиддинов.

Зимнан зикр гардид, ки дар ин робита тасмим гирифта шуд, ки ояндаи наздик ширкати Чин нақшаи комплексии иҷрои корҳо дар иншооти мазкурро таҳия намуда, техникаву таҷҳизот ва масолеҳи зарурии сохтмонро ба Тоҷикистон ворид месозад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.