Э.Раҳмон ва раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ натиҷаҳои интихоботро баррасӣ карданд

Нимаи дуюми рӯзи 2 март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроия – дабири иҷроии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Сергей Лебедевро, ки ба ҳайси раҳбари гурӯҳи нозирони кишварҳои аъзои ин иттиҳод барои назорат аз болои интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста […]

ASIA-Plus



Нимаи дуюми рӯзи 2 март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроия – дабири иҷроии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Сергей Лебедевро, ки ба ҳайси раҳбари гурӯҳи нозирони кишварҳои аъзои ин иттиҳод барои назорат аз болои интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба рафти омодагӣ ва баргузории интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ки рӯзи 1-уми март доир гардид, баррасӣ шуд.

Гуфта мешавад, Сергей Лебедев аз мушоҳидаҳои нозирони ИДМ дар ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихоботи парлумонии Тоҷикистон иттилоъ дода, аз ҷумла зикр намуд, ки аз 9 кишвари иттиҳод 257 нозир дар ин гурӯҳ қарор доранд ва онҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳузур доштанд.

Ба иттилои манбаъ, роҳбари гурӯҳи нозирони ИДМ бори дигар таъкид доштааст, ки интихобот дар фазои демократӣ, шаффоф ва мутобиқ ба талаботи қонунгузории Тоҷикистон ҷараён гирифт.

Зимнан зикр мегардад, ки гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба масоили вобаста ба ҳамкориҳои дигари кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва нақши Тоҷикистон дар ин иттиҳод сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.