Маълумоти ВАО-и Туркия дар бораи қатли Умаралӣ Қувватов

Васоити ахбори умуми Туркия дар бораи кушта шудани пешвои созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъи «Гурӯҳи 24» маълумот медиҳанд. Бино ба иттилои портали иттилоотии www.haberler.com , , соати 22-30 дақиқаи рӯзи 5 март дар кӯчаи Фотеҳи шаҳри Истамбул як шахси номаълум Қувватовро парронидааст. Бар асари ҷароҳати аз сараш гирифта ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. […]

Аваз Юлдошев



Васоити ахбори умуми Туркия дар бораи кушта шудани пешвои созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъи «Гурӯҳи 24» маълумот медиҳанд.

Бино ба иттилои портали иттилоотии


www.haberler.com


, , соати 22-30 дақиқаи рӯзи 5 март дар кӯчаи Фотеҳи шаҳри Истамбул як шахси номаълум Қувватовро парронидааст. Бар асари ҷароҳати аз сараш гирифта ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

«У. Қувватов бо як шиноси худ дар қаҳвахона хӯроки шом тановул намуда, сипас ба берун мебарояд ва ҳадафи тир қарор мегирад. Мақомоти пулис алҳол дар бораи чанд нафар будани ҳамлагарон маълумоти саҳеҳ надорад», – иттилоъ медиҳад агентӣ.

Ба иттилои манбаъ, ҷасади Умаралӣ Қувватов аз субҳи имрӯз дар мурдахона қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 19-уми декабри соли гузашта Умаралӣ Қувватов барои риоя накардани муқаррароти будубош

 

боздошт шуд.


  Моҳи октябри соли гузашта созмони «Гурӯҳи 24» дар Тоҷикистон ифротгаро эътироф гардида, фаъолияташ манъ гардид.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон Умаралӣ Қувватовро дар содир намудани як қатор ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қаллобӣ, азхудкунии амволи шахсони дигар, аз ҷумла 6 млн. сомонӣ (беш аз 1,260 млн. $) гумонбар медонад.

Аввали моҳи феврали соли равон роҳбари созмони мухолифи «Гурӯҳи 24» аз маҳбаси шаҳри Истамбул


раҳо шуд.


 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.