Дархости КМО Тоҷикистон аз Эмомалӣ Раҳмон оид ба дарёфти сарпараст

Ахири ҳафтаи гузашта дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпӣ (КМО)-и Тоҷикистон ҷаласаи Ассамблеяи XIV генералии КМО ҶТ баргузор шуда, дар он фаъолияти Кумитаи иҷроияи КМО ҶТ дар давраи солҳои 2013-2014  натиҷагирӣ ва вазифаҳо барои солҳои 2015-2016 муайян карда шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти КМО ҶТ, дар ҷаласа ба масъалаи омдгаии варзишграни тоҷик ба Бозиҳои тобистонаи […]

ASIA-Plus



Ахири ҳафтаи гузашта дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпӣ (КМО)-и Тоҷикистон ҷаласаи Ассамблеяи XIV генералии КМО ҶТ баргузор шуда, дар он фаъолияти Кумитаи иҷроияи КМО ҶТ дар давраи солҳои 2013-2014  натиҷагирӣ ва вазифаҳо барои солҳои 2015-2016 муайян карда шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти КМО ҶТ, дар ҷаласа ба масъалаи омдгаии варзишграни тоҷик ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Ри-де-Жанейро (Бразилия) таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

«Имсол ва нимаи аввали соли оянда варзишгарони мо барои гирифтани роҳхатҳои олимпӣ мубориза мебаранд, ки ба 15 нафари онҳо аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ стипендияи ҳармоҳа ба маблағи аз 200 то 1000 доллар муқаррар шудааст», – иброз доштааст зимни суханронӣ дабири кулли КМО ҶТ Баҳрулло Раҷабалиев.

Ба иттилои манбаъ, Б.Раҷабалиев ҳамчунин зикр кардааст, ки «Кумитаи миллии олимпӣ то ҳоло сарпараст надорад ва аз ин рӯ, мо аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш кардем, ки дар ҳалли ин масъала кӯмак кунад».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Маркази тиҷоратӣ ба ҷои “Зелёний бозор”. Онро кӣ месозад ва чӣ гуна хоҳад буд?

Ширкати “Сool Design” тарҳи Маркази тиҷоратӣ ва савдо, ки дар ҷои бозори пешини “Шоҳмансур”, маъруф ба “Зелёний бозор” сохта мешавад, нашр кард. Яке аз...

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.