Раиси Суғд намояндаи домии БҶ-ро ба ҳузур пазируфт

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар Тоҷикистон Патрисия Виверз-Картерро ба ҳузур пазируфта, дар мулоқот татбиқи лоиҳаҳои аз ҷониби ин бонк амалишаванда ва дурнамои фаъолияти минбаъда мавриди баррасиии тарафайн қарор гирифт. Бино ба иттилои хадамоти матбуои раиси вилояти суғд, хонум Патрисия Виверз-Картер зикр дошт, ки сандуқи фаъоли гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар […]

ASIA-Plus



Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар Тоҷикистон Патрисия Виверз-Картерро ба ҳузур пазируфта, дар мулоқот татбиқи лоиҳаҳои аз ҷониби ин бонк амалишаванда ва дурнамои фаъолияти минбаъда мавриди баррасиии тарафайн қарор гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуои раиси вилояти суғд, хонум Патрисия Виверз-Картер зикр дошт, ки сандуқи фаъоли гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон 21 лоиҳаро дар бар гирифта, маблағи умумии он зиёда аз 283 миллион доллари амрикоӣ мебошад, ки аз ин 12 лоиҳа дар вилояти Суғд роҳандозӣ карда мешавад.

Зимнан Раиси вилоят зикр дошт, ки бо мақсади коҳиш додани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят як қатор тадбирҳои муҳим роҳандозӣ карда мешавад.

«Аз ҷумла дар вилоят ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва меҳнати хонагӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардида, то ин дам аллакай дар қаламрави вилоят шумораи зиёди марказҳои ҳунаромӯзиву касбомӯзӣ таъсис дода шудааст. Ба ин тариқ дар ин марказҳо беш аз 8 ҳазор нафар занону духтарон соҳибкасб гардиданд. Минҷумла ҳунарҳои қолинбофиву адрасбофӣ рушд ёфта, барои дастгирии бонувони ҳунарманд грантҳои Раиси вилоят таъсис ёфтааст, ки маблағи умумии он 250 ҳазор сомониро ташкил медиҳад», – иброз дошт Абдураҳмон Қодирӣ.

Зикр гардид, ки соли дуввум аст, ки дар вилоят таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ ҷараён дошта, то кунун зиёда аз 40 ҳазор хоҷагиҳои хурди инфиродиву оилавӣ таъсис ёфтаанд ва аз ин шумора 36 ҳазор адади онҳо соҳиби сертификати ҳуқуқи истифодаи замин гардиданд. Тавассути лоиҳаи кадастр, ки аз чониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, ба хоҷагидорон сертификат ройгон дастрас карда шуд.

Дар асоси дастуру супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шафати шаҳри Хучанд ба бунёди боз як шаҳри наву замонавӣ асос гузошта шуда, марҳилаи авали бунёди шаҳр ба итмом расид. Ҳамзамон дар ин мавзеъ тариқи обёрии қатрагӣ боғу токзори нав бунёд меёбад, ки ҳамаи ин ба беҳтар намудани вазъи некуаҳволии мардум ва бо ҷои корӣ таъмин сохтани шаҳрвандон заминаи мусоидро фароҳам меоварад.

Таъкид шуд, ки танҳо дар шаҳри нав зиёда 200 ҳазор аҳолӣ соҳиби замин гардида, шумораи зиёди сокинон бо ҷои корӣ таъмин мешаванд. Соли гузашта дар вилоят соли роҳҳои обод эълон гардида ба ин васила ҳолати 2800 км роҳҳои шаҳру навоҳии вилоят беҳтар карда шуд ва соли равон идомаи соли роҳҳои обод эълон гардидааст, ки ҳадафи асосӣ ба таъмир фаро гирифтани роҳҳои тамоми кӯчаҳои вилоят мебошад.

Раиси вилоят намояндаи Бонки ҷаҳониро барои ҳамкорӣ дар ин бахшҳои мутазаккира, яъне таъсиси марказҳои ҳунаромузӣ, таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ, бунёди шаҳри нав ва боғоти интенсивӣ даъват намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.