ИМА ба ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Русия мухолиф нест

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро ба даст кашидан аз ҳамкорӣ бо Русия ва интихоб ба нафъи Ғарб моил намесозад. Хабаргузории РИА Новости дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки зимни суханронӣ дар Донишкадаи ба номи Брукинги Вашингтон муовини котиби давлатии ИМА Тони Блинкен изҳор доштааст: «Мо онҳоро ба интихоб водор карданӣ нестем ва ҳангоме […]

ASIA-Plus



Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро ба даст кашидан аз ҳамкорӣ бо Русия ва интихоб ба нафъи Ғарб моил намесозад.

Хабаргузории

РИА Новости

дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки зимни суханронӣ дар Донишкадаи ба номи Брукинги Вашингтон муовини котиби давлатии ИМА Тони Блинкен изҳор доштааст: «Мо онҳоро ба интихоб водор карданӣ нестем ва ҳангоме ки перомуни Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ё Иттиҳоди гумрукӣ сухан меравад, мо ба ин кишварҳо намегӯем, ки бояд ба ин иттиҳодҳо аъзо нашаванд, зеро ин ба гуфтаҳои мо ба русҳо айни замон дар мавриди Украина мувофиқат намекунад ва маҳз ба гуфтаи мустақилияти кишварҳо дар тасмимгирии ҳамоҳангсозии кӯшишҳо бо киҳову кадоме аз кишварҳо».

Ба эътиқоди номбурда, ИМА «хоҳони истиқбол аз муносибатҳои мусбат»-и кишварҳои минтақа бо Русия ҳастанд, «вале Русия худаш чунин иқдомҳоеро пеш мегирад, ки кишварҳои минтақаро ба андешаҳои баръаксу мухолиф водор месозад».

Ба бовари Тони Блинкен, «ин онҳоро ба ҳарчи бештару бештар ҷустуҷӯ кардани алтернативаҳо ва дигар имконот маҷбур месозад». «Мо умедворем, замоне фаро мерасад, ки Русия тарзи муносибати худро тағйир медиҳад», – иброз доштааст Блинкен ва «нуктаи назари шахсии худро чунин изҳор кардааст, ки сатҳи нигаронӣ айни замон беҳад баланд аст».

Дар ҳамин ҳол, муовини котиби давлатии ИМА таъкид намудааст, ки «барои амнияти миллии ИМА беҳтар аст, агар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мустақилу соҳибистиқлол бошанд, аммо онҳо ба муносибатҳои солим бо ҳамаи ҳамсоякишварҳо бо шумули Русия ниёз доранд». 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.