Таҳияи нахустин роҳнамои фарҳангии Душанбе

Нахустин роҳнамои айнӣ-иттилоотии Сайри фарҳангии Душанбе таҳия гардид. Тавре аз Маркази тиҷорати байнулмилалӣ дар ин робита иттилоъ доданд, ин китобча, ки бо забони англисӣ дар торнамои мо дастрас аст, муштаракан аз ҷониби Маркази рушди сайёҳӣ ва Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкории тиҷорат […]

Иттилоияи расмӣ



Нахустин роҳнамои айнӣ-иттилоотии Сайри фарҳангии Душанбе таҳия гардид.

Тавре аз Маркази тиҷорати байнулмилалӣ дар ин робита иттилоъ доданд, ин китобча, ки бо забони англисӣ дар торнамои мо дастрас аст, муштаракан аз ҷониби Маркази рушди сайёҳӣ ва Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкории тиҷорат дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад, таҳия шудааст.

Китобча маълумоти муфассал, тасвир ва акси осорхонаҳо, театрҳо, галареяҳои санъати тасвирӣ, боғҳо, ва маконҳои дидании шаҳри Душанберо фаро гирифтааст. Муаллифони он, Баҳриддин Исомутдинов ва Абдураҳмон Назирматов, мутмаинанд, ки бо ин роҳнамо як халои иттилоотиро пур карданд, ки дар пажӯҳиши имкониятҳои соҳаи сайёҳии Тоҷикистон, ки МТБ соли гузашта гузаронида буд, яке аз заъфҳои асосии соҳа номида шуда буд.

Ҷаноби Исомутдинов мегӯяд, яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳаи МТБ ин пайванд додани соҳаи сайёҳӣ бо ҳунарҳои дастӣ мебошад. Ӯ мегӯяд: “Ҳар дуи ин соҳаҳо барои иқтисоди Тоҷикистон муҳимманд. Маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ, ки бо истифода аз нақшу нигорҳои миллӣ таҳия шудаанд, як навъ рамзи кишвар мебошанд. Нақшу нигорҳо, либосҳои миллӣ, ва рангҳо беҳтар шинохта мешаванд ва обрӯи кишварро боло мебаранд”.

Дар чаҳорчӯбаи ин ибтикор дар моҳи феврал кормандони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ба маконҳои дидании шаҳри Душанбе ва галареяҳои санъати тасвирӣ роҳнамоӣ шуданд, то миёни ду соҳа робита барқарор гардад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.