Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав раҳсипор шуд

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои бахшида ба 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахт Эмомалӣ Раҳмонро раисон ҳарду паалатҳои парлумони кишвар Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Шукурҷон Зуҳуров, сарвазири ҶТ Қоҳир Расулзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои бахшида ба 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахт Эмомалӣ Раҳмонро раисон ҳарду паалатҳои парлумони кишвар Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Шукурҷон Зуҳуров, сарвазири ҶТ Қоҳир Расулзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент Бахтиёр Худоёрзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Гуфта мешавад, дар ин сафар Президенти Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёвари президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Қаблан бо истинод ба як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дода будем, ки Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маскав бо президенти Ветнам Чионг Тан Шанг дидору гуфтушунид карданист.

Ба иттилои манбаъ, дар ин вохӯрӣ, ки бо ташаббуси Ветнам доир мегардад, баррасии маҷмӯи васеи масоили рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафйн дар назар аст.

«Айни замон ҳамчунин масъалаи имкони баргузории вохӯрии дуҷонибаи сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маскав низ мавриди ҳаллу фасл қарор дорад», – афзуд сарчашмаи хабар.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.