Паради ҳарбӣ бахшида ба 70-умин солгарди пирӯзӣ дар ҶБВ (аксу видео)

Бахшида ба 70-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ субҳи 8-уми май дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе гузашти ҳарбӣ доир шуд. Дар ҷараёни гузашти низомӣ беш аз 2 ҳазор афсару сарбози воҳидҳои низомии кишвар, аз ҷумла, Вазорати мудофиа, ВКД, Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, Горди миллии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва […]

Зеваршо МУҲАММАД, махсус барои ASIA-Plus


Бахшида ба 70-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ субҳи 8-уми май дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе гузашти ҳарбӣ доир шуд.

Дар ҷараёни гузашти низомӣ беш аз 2 ҳазор афсару сарбози воҳидҳои низомии кишвар, аз ҷумла, Вазорати мудофиа, ВКД, Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, Горди миллии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва як воҳиди низомӣ аз Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва руасою вузарои кишвар, инчунин намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон дар пояи гулхани абадӣ гулчанбарҳо гузоштанд. 


«Мо имрӯз ва минбаъд низ бо ифтихор хотирнишон мекунем, ки барои таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари ҳамаи халқҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми сазовор гузоштаанд. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ҷанг Тоҷикистон ҳамаи захираву имкониятҳо ва фарзандони далеру шуҷои худро ба майдони набард сафарбар намуд», – гуфт раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи гузашти низомӣ.




«Беш аз 300000 нафар фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳои шадиди ҷанг шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафари онҳо ба хотири адо кардани қарзи фарзандии хеш дар майдонҳои ҷанг ҳалок шуданд, ки номи неку корномаи онҳо дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт гардидааст», – афзуд президент.

Ба гуфтаи раисҷумҳур, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба бар фашизм ба ҷаҳониён бори дигар собит менамояд, ки дӯстиву ҳамкорӣ ва таҳкими равобити неку созандаи халқу давлатҳо омили асосии сулҳу субот ва бунёди рӯзгори орому осуда буда, танҳо бо саъю талоши якҷоя бар зидди нерӯҳои бадхоҳ истодагарӣ кардан мумкин аст.

Бахусус, дар шароити ноором ва бисёр мураккаби имрӯза, ки таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ рӯз то рӯз вусъат пайдо карда истодаанд, тарғибу ташвиқи сулҳу дӯстӣ ва корнамоиҳои фарзандони далеру шуҷои Ватан барои мубориза бар зидди хатарҳои муосир, аз қабили терроризму ифротгароӣ ва миллатгароиву нажодпарастӣ бо мақсади тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ ва озодихоҳии наслҳо ниҳоят муҳим мебошад.

«Давлату ҳукумати кишвар собиқадорони ҷангу меҳнат, пирони рӯзгордида, ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату бесаробонро минбаъд низ таҳти ғамхорӣ қарор медиҳад», – изҳор дошт раисҷумҳур.

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин барои иштирок дар тантанаҳои бахшида ба 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озими пойтахти Русия шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.