Қирғизистон расман ба узвияти Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё пазируфта шуд

Қирғизистон дар нишасти раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё, ки дар Маскав гузашт, расман шомили ин иттиҳод шуд. Бино ба иттилои радиои «Озодӣ» , Нурсултон Назарбоев – раисиҷумҳури Қазоқистон ва яке аз кишварҳои “муассис”-и ин иттиҳод дар ин робита гуфтааст, “тамоми мушкиле, ки то ҳоло буд, ҳалли худро ёфт ва мо санади шомил шудани Қирғизистонро қабул […]

ASIA-Plus



Қирғизистон дар нишасти раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё, ки дар Маскав гузашт, расман шомили ин иттиҳод шуд.

Бино ба иттилои

радиои «Озодӣ»

, Нурсултон Назарбоев – раисиҷумҳури Қазоқистон ва яке аз кишварҳои “муассис”-и ин иттиҳод дар ин робита гуфтааст, “тамоми мушкиле, ки то ҳоло буд, ҳалли худро ёфт ва мо санади шомил шудани Қирғизистонро қабул кардем.”

Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон, ҳам изҳори бовар кард, “Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ба нафъи мардуми кишварҳои узв хидмат хоҳад намуд.” Қирғизистон санади узвиятро 23 декабри соли гузашта имзо кард ва панҷ моҳ мӯҳлат дошт, ки марзу посгоҳҳои гумрукии худро муҷаҳҳаз гардонад.

Русия низ барои кумак ба узвияти Қирғизистон дар Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё 200 миллион доллар дод, то чаҳор гумруки марзии худро навсозӣ ва бо кишварҳои дигар рақобат кунад. Ҳоло санади шомил шудани Қирғизистон ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё бояд аз сӯи парлумонҳои ҳамаи кишварҳои узв ба тасвиб расад.

Моҳи майи соли 2014 Русия, Беларус ва Қазоқистон санадеро дар бораи таъсиси Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё имзо гузоштанд, ки якуми январи соли ҷорӣ ба иҷро даромад ва танҳо баъд аз як рӯзаш Арманистон ҳам ба ин иттиҳод пайваст. Ҳоло бо шомил шудани Қирғизистон аъзои ин иттиҳод ба 5 расид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.