Фармондеҳи ДТММ Тоҷикистон дар сафҳои ДИИШ дар Сурия меҷангад?

Фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ДТММ)-и ВКД Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимов аз аввали моҳи май ба кор намеояд ва макони будубоши ӯ низ ба касе маълум нест. Ба «Азия-Плюс» муяссар гардид, ки аз сохторҳои қудратӣ ва наздикону шиносҳои ӯ огаҳӣ пайдо намояд, ки Г.Ҳалимов ахиран тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи фаъолияти Давлати исломии Ироқу Шом […]

ASIA-Plus



Фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ДТММ)-и ВКД Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимов аз аввали моҳи май ба кор намеояд ва макони будубоши ӯ низ ба касе маълум нест.

Ба «Азия-Плюс» муяссар гардид, ки аз сохторҳои қудратӣ ва наздикону шиносҳои ӯ огаҳӣ пайдо намояд, ки Г.Ҳалимов ахиран тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи фаъолияти Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ), андешаву афкор ва воҳидҳои ҷангии он маълумоти муфасал ҷамъоварӣ намудааст.

«Ӯ ба мутаассиб (фанатик)-и ДИИШ табдил ёфта, миёни наздикону атрофиёнаш ба паҳн кардани андешаву ғояҳои ин созмони террористӣ шурӯъ намуд. Насиҳату тавсияҳои мо оид ба бемаънӣ будани ҳамроҳшавӣ ба ДИИШ-ро бо асабоният рад мекард», – гуфт як шиноси ӯ, ки нахост номаш ифшо гардад.

Тибқи маълумоти сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, Г.Ҳалимов як гурӯҳи худ иборат аз 10 нафарро, ки ҳама сокинони Тоҷикистон ва асосан бекорон мебошанд, ҷамъоварӣ намуда, рӯзи 1-уми май тариқи ҳавопаймо ба Маскав раҳипор шудааст ва аллакай рӯзи 2 май ӯро дар фурудгоҳи байнулмилалии «Шереметево»-и Маскав дидаанд.

Ба тахмини манбаъ дар сохторҳои қудратӣ, барои ҷалби ҳар кадоме аз ҷангиён ба полковники тоҷик маблағи зиёди пулӣ ваъда кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-майор Икром Умарзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки дар бораи макони будубоши фармондеҳи ДТММ ВКД Г.Ҳалимов ягон маълумоте надорад. Ӯ маълумоти ба сафҳои ДИИШ пайвастани полковникро тасдиқ ҳам накарду инкор низ. «Ман дар ин бора ҳеҷ огаҳие надорам», – таъкид дошт муовини вазир.

Қобили зикр аст, ки Гулмурод Ҳалимов ҳудуди се сол пеш фармондеҳи ДТММ ВКД Тоҷикистон таъин гардида, барои хизмати намунавӣ бо ордену медалҳо сарфароз гардонида шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.