Дар Душанбе масоили рушди соҳибкории занонро баррасӣ карданд

Дар толори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Гуруҳи корӣ оид ба рушди соҳибкории занон доир гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи мазкур, дар ҷаласа аъзои Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд ва бахши хусусӣ аз ҷумла занони соҳибкори ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Дар дастгирии фаъолияти гуруҳи […]

ASIA-Plus



Дар толори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Гуруҳи корӣ оид ба рушди соҳибкории занон доир гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи мазкур, дар ҷаласа аъзои Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд ва бахши хусусӣ аз ҷумла занони соҳибкори ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Дар дастгирии фаъолияти гуруҳи корӣ оид ба рушди соҳибкории занон Бонки Аврупо Таҷдид ва Рушд ва дигар шарикони рушд саҳмгузор ҳастанд.

Ҷаласаро Роҳбари Гурӯҳи корӣ, Муовини Раиси Кумитаи Давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Нигина Анварӣ ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки Гуруҳи корӣ оид ба рушди соҳибкории занон дар назди Кумитаи Давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи банди 30-и Нақшаи чорабиниҳои марҳилаи дуюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 ва боби сеюми Стратегияи миллии фаъолигардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 таъсис дода шудааст.

Мақсадҳои асосии таъсиси Гуруҳи корӣ рушди соҳибкорӣ миёни занон ба воситаи тақвият бахшидани механизмҳои ҳамкорӣ байни давлату бахши хусусӣ ва таъмини муколамаи озоди мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати масъалаҳои рушди соҳибкории занон дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Вобаста ба масъалаи якуми рузномаи ҷаласа Мудири шуъбаи гендерӣ ва муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Акобирова Ҷавоҳир бо муаррифнома баромад карданд. Мавсуф оид ба бахши сеюми Стратегияи миллии фаъолгаргардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, ки ба дасгирии рушди фаъолияти соҳибкории занон бахшида шудааст, ва корҳои анҷомдодашуда дар ин самт аз тарафи Кумитаи кор бо занон ва оила маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Вобаста ба масъалаи дуюми рузномаи ҷаласа лоиҳаи Дастури Гуруҳи корӣ ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Гуруҳи корӣ оид ба дастгирии фаъолияти занони соҳибкор аз тарафи коршиноси БАТР оид ба масъалаҳои гендерии Таҳмина Ҳакимова-Риз – аъзои котиботи Гуруҳи корӣ муаррифӣ карда шуд.

Нисбат ба мушкилоти рушди соҳибкории занон ва самтҳои фаъолияти Гуруҳи корӣ ҷиҳати баррасӣ ва ҳалли онҳо аз тарафи намояндагони бахши хусусию шарикони рушд, аз ҷумла Раиси Федератсияи гуруҳи занони соҳибкори “Карасу” –Ойматова З., Роҳбари ташкилоти ѓайридавлатӣ “Зан ва Замин” – Мамадалиева М., Директори минтақавии ширкати “Деллойт” –Атобек Г., Директори ширкати “Имкон Консалтинг” – Самадова З., Роҳбари ширкати “Реал-Д” – Уроқова С., ҷонишини Директори генералии Ассотсиатсияи занҳои соҳибкори Тоҷикистон – Мирзобаҳодурова М., Намояндаи дафтари Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Тоҷикистон (IFC) –Нурматова М., Мушовир оид ба занони пешбари иқтисодии “ОКСФАМ” – Саидова М., Менеджери минтақавии барномавии рушди бахши хусусии Вазорати Британияи Кабир оид ба рушди байналмилалӣ (DFID)- Раҳимова Ш., Намояндаи Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид оид ба корҳои занҳо (UN-Women) – Мирзоева В. мулоҳизарониҳо ва табодули афкор сурат гирифт.

Натиҷаи муҳокимаҳо ҷамъбаст гардида, қарорҳои мувофиқ қабул карда шуданд.

Дар хотима ба ҳамаи аъзоён бори дигар барои иштироки фаъол ва пешниҳоду тавсияҳои муфид миннатдорӣ баён гардида, итминон карда шуд, ки намояндагони дахлдори мақомоти давлатӣ, шарикони рушд ва бахши хусусӣ ҷиҳати дастгирӣ ва рушди соҳибкории занон саҳми назаррас хоҳанд гузошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.