Дарёфти ҷасади сарбози русиягӣ дар Қӯрғонтеппа

Субҳи имрӯз дар майдони ба номи 70-солагии водии Вахши шаҳри Қӯрғонтеппа ҷасади дар дор овезони хизматчии ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия мустақар дар ин шаҳр дарёфт шуд. Як манбаъ аз Шуъбаи ВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҷасади хизматчии ҳарбӣ Михаил Борисов соати 5-и субҳ дарёфт шуда, дарҳол дар […]

Сайраҳмон Назриев



Субҳи имрӯз дар майдони ба номи 70-солагии водии Вахши шаҳри Қӯрғонтеппа ҷасади дар дор овезони хизматчии ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия мустақар дар ин шаҳр дарёфт шуд.

Як манбаъ аз Шуъбаи ВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҷасади хизматчии ҳарбӣ Михаил Борисов соати 5-и субҳ дарёфт шуда, дарҳол дар ин бора ба мақомоти интизомӣ хабар дода шудааст.

«Тибқи фарзияи пешакӣ, сарбоз бар асари рашк даст ба худкушӣ задааст, аммо муфаттишон фарзияҳои дигарро низ омӯхта истодаанд», – гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ дар мақомоти прокуратураи шаҳри Қӯрғонтеппа зикр кард, ки айни замон коршиносон сабабҳои марги сарбози русиягиро мавриди таҳқиқ қарор дода, дар сурати ошкор гардидани аломатҳои марги маҷбурӣ, парвандаи ҷиноӣ боз мешавад. «Хулосаи коршиносонро интизор мешавем», – афзуд манбаъ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.