Оғози амалиёти ҳамасолаи «Кӯкнор» дар Тоҷикистон

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ рӯзи 19 май таҳти раёсати муовини аввали директори Агентӣ, роҳбари Ситоди кории ҷумҳуриявӣ полковник Зафар Самадов ҷаласаи якуми Ситоди амалиёти “Кӯкнор-2015” баргузор гардид. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар ҷаласа масъалаҳои ташкилӣ оид ба гузаронидани амалиёти “Кӯкнор-2015”, инчунин ҳамкории вазорату идораҳои дахлдор баррасӣ гардида, […]

ASIA-Plus



Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ рӯзи 19 май таҳти раёсати муовини аввали директори Агентӣ, роҳбари Ситоди кории ҷумҳуриявӣ полковник Зафар Самадов ҷаласаи якуми Ситоди амалиёти “Кӯкнор-2015” баргузор гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар ҷаласа масъалаҳои ташкилӣ оид ба гузаронидани амалиёти “Кӯкнор-2015”, инчунин ҳамкории вазорату идораҳои дахлдор баррасӣ гардида, нақшаи гузаронидани чорабинӣ оид ба гузаронидани амалиёти “Кӯкнор-2015 тасдиқ гардид.

Зикр мегардад, ки дар кори ҷаласа намояндагони Шӯрои амнияти ҶТ, ВКД, КДАМ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ, вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2015» гузаронидани амалиёти байналмилалии СААД “Гром-2015” низ дар назар аст.

Қайд мешавад, ки барои гузаронидан, назорат кардан ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ситодҳои корӣ ташкил гардидаанд.

Қобили зикр аст, ки амалиёти «Кӯкнор» дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар ду марҳила – аз 20 май то 31 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябр гузаронида мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.