Даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба иҷлосияи навбатии Маҷмаи умумии СММ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015 бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун мулоқот ороста, зимни вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории бисёрпаҳлӯи Тоҷикистону СММ баррасӣ шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, аз […]

ASIA-Plus



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015 бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун мулоқот ороста, зимни вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории бисёрпаҳлӯи Тоҷикистону СММ баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, аз ҳамкории Тоҷикистон бо 23 ниҳоди СММ, аз ҷумла дар соҳаҳои ислоҳоти идораи давлатӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва обрасонӣ изҳори қаноат карда шуд. Тавре зикр гардид, давоми солҳои 2010-2014 дар ҳамкорӣ бо ин ниҳодҳо бо маблағи умумии 346 миллион доллари амрикоӣ тақрибан 100 лоиҳа дар Тоҷикистон амалӣ шудааст.

Пан Ги Мун бори дигар ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об баҳои баланд дода, ҳамзамон барои дар сатҳи баланд ва бо мудирияти мусоид ба роҳ мондани конфронси имрӯзаи байналмилалӣ ба Эмомалӣ Раҳмон арзи сипосу қадрдонӣ намуд.

Аз Президенти Тоҷикистон даъват карда шуд, ки ба ҳайси роҳбари давлати ташаббускор дар ҳаллу фасли мушкилоти ҷаҳонии вобаста ба об, энергетика, гармшавии иқлим ва таъмини рушди устувор, аз ҷумла аз тариқи истифодаи васеъ аз иқтисоди сабз, имсол дар иҷлосияи навбатии Маҷмаи умумии СММ дар шаҳри Ню-Йорк иштирок намояд.

Бо назардошти таҷрибаи ғании ҳамкорӣ ва натиҷаҳои судманди ҳосилшуда, ҳарду ҷониб омодагии устувори худро ба густариши робитаҳои самарабахш дар оянда таъкид доштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.