Нахуствазири Покистон: Аз мушкилоти об бахши кишоварзии мо рушд намеёбад

Зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015, ки имрӯз дар Душанбе ба кор шурӯъ намуд, нахуствазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф изҳор намуд, ки об сарчашмаи ҳаёт буда, талабот ба он дар саросари ҷаҳон пайваста меафзояд. «Мо ба мушкилоти тағйирёбии иқлим дучор […]

Аҳлиддин Салимов



Зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015, ки имрӯз дар Душанбе ба кор шурӯъ намуд, нахуствазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф изҳор намуд, ки об сарчашмаи ҳаёт буда, талабот ба он дар саросари ҷаҳон пайваста меафзояд.

«Мо ба мушкилоти тағйирёбии иқлим дучор мешавем, ки ба мавҷуд набудани дастрасӣ ба об боис мегардад. Бар асари ин мушкилот бахши кишоварзии Покистон рушд намеёбад», – гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки конфронси мазкур зиёда аз 1500 ширкаткунандагонро бештар аз 100 кишвар ва минтақаҳои гуногуни олам, ки Ҳукумат, ниҳодҳои СММ, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро муаррифӣ мекунанд, ҷамъ овардааст.

Дар чаҳорчӯби конфронс 9-10 июни соли 2015 ду ҷаласаи сатҳи баланд роҷеъ ба татбиқи Даҳсола, шаш мизи мудаввари сатҳи баланд доир ба муҳокимаи амалҳои минбаъда барои азхудкунии устувори захираҳои об, ҳамчунин 9 чорабинии мавзӯӣ, намоиши байналмилалии “Об барои ҳаёт” гузаронида мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Радабандии ҷаҳонии футзал аз ФИФА: Тоҷикистон се мавқеъ поин рафт

Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.