Чин ба корхонаи муштараки «Тоҷик Азот» ҳам чашм ало кард?

Як ҳайати Чин аз корхонаи муштараки «Тоҷик Азот»-и шаҳри Сарбанд боздид карданист. Сомонаи маъмурияти вилояти Хатлон дар ин робита иттлоъ медиҳад, ки ин боздид рӯзҳои 21-22 июн сурат мегирад. Ҳадаф аз сафари ҳайати Чин дар торнамо шиносоии наздик бо вазъ дар корхона, имкони сармоягузорӣ ва роҳандозии истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар он унвон шудааст. Дар худи […]

Сайраҳмон Назриев



Як ҳайати Чин аз корхонаи муштараки «Тоҷик Азот»-и шаҳри Сарбанд боздид карданист. Сомонаи маъмурияти вилояти Хатлон дар ин робита иттлоъ медиҳад, ки ин боздид рӯзҳои 21-22 июн сурат мегирад.

Ҳадаф аз сафари ҳайати Чин дар торнамо шиносоии наздик бо вазъ дар корхона, имкони сармоягузорӣ ва роҳандозии истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар он унвон шудааст.

Дар худи корхона ташрифи қарибулвуқӯъи меҳмонони хориҷиро тасдиқ намуда, изҳор доштанд, ки алҳол танҳо сари сафари шиносоӣ бо корхона сухан меравад.

«Барои барқарор намудани фаъолияти корхонаи мазкур мебояд молики онро даъват намуда, андешаи ӯро ба инобат гирифт, ҳарчанд суд қарор кард, ки корхона ба молики пештарааш баргардонида мешавад. Ин кори осоне нест. Аммо барои ин нахуст қарори ҳукумати ҶТ «Дар бораи таъсиси КМ «Тоҷик Азот»-ро бекор кардан лозим аст. Ин ҳайати якуме нест, ки аз корхонаи мо боздид мекунад. Аллакай якчанд ҳайатҳо ба корхонаи мо ташриф оварданд, вале ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд», – гуфт як манбаъ дар КМ «Тоҷик Азот».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.