Расидагии раиси Хатлон ба мушкилоти сокинони Норак

Рӯзи якшанбеи ҳамин ҳафта, 20 июн раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода сокинони шаҳри Норакро қабул намуда, ба мушкилоти онҳо расидагӣ мекунад. Чуноне ки аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар доданд, Д.Гулмаҳмадзода сокинони шаҳрро, ки мушкилоташон дар сатҳи раҳбарият шаҳр ҳаллу фасл нашуда, ба раиси вилоят муроҷиат карданианд, дар бинои ҳукумати шаҳр ба ҳузур мепазирад. […]

Сайраҳмон Назриев



Рӯзи якшанбеи ҳамин ҳафта, 20 июн раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода сокинони шаҳри Норакро қабул намуда, ба мушкилоти онҳо расидагӣ мекунад.

Чуноне ки аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар доданд, Д.Гулмаҳмадзода сокинони шаҳрро, ки мушкилоташон дар сатҳи раҳбарият шаҳр ҳаллу фасл нашуда, ба раиси вилоят муроҷиат карданианд, дар бинои ҳукумати шаҳр ба ҳузур мепазирад.

Ба иттилои манбаъ, дар қабули сокинони шаҳри Норак раиси вилоятро роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, корхонаву ташкилотҳои давлатӣ ва намояндагони ВАО ҳамроҳӣ хоҳанд кард.

Қобили зикр аст, ки раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмаҳмадзода ҳар моҳ сокинони ин ё он шаҳру навоҳии вилятро дар маҳалли зисташон қабул карда, арзу шикояти онҳро мешунавад. Қабули ахири раиси вилоят моҳи май дар ноҳияи Муъминобод доир гардида буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.