Дуздии қуттии маблағҳои хайрия дар яке аз оромгоҳҳои Конибодом

Дар яке аз қабристонҳои шаҳри Конибодом афроди номаълум қуттӣ барои ҷамъоварии маблағҳои хайрияро дуздидаанд. Дар масҷиди маҳаллӣ низ ба ҳамин монанд қуттӣ гум шудааст. Роҳбари маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд Акбар Шарифов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки чанде қабл ба шуъбаи милисаи шаҳри Конибодом имом-хатиби масҷиди «Машҳад» Ҷаҳонгир Султонов […]

Мавлуда Рофиева



Дар яке аз қабристонҳои шаҳри Конибодом афроди номаълум қуттӣ барои ҷамъоварии маблағҳои хайрияро дуздидаанд. Дар масҷиди маҳаллӣ низ ба ҳамин монанд қуттӣ гум шудааст.

Роҳбари маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд Акбар Шарифов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки чанде қабл ба шуъбаи милисаи шаҳри Конибодом имом-хатиби масҷиди «Машҳад» Ҷаҳонгир Султонов муроҷиат намуда, аз рабуда шудани қутиҳои ҷамъоварии маблағи хайрия дар масҷиди мазкур ва оромгоҳи «Сари Мазор» хабар додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, замони дуздида шудани қуттиҳо дар онҳо ҳудуди 4 ҳазор сомонӣ маблағ мавҷуд будааст.

Дар идома қайд шуд, ки ба гумони даст доштан дар содир намудани дуздӣ сокини 35-солаи ноҳияи Конибодом И.Т. боздошт ва нисбати ин мард мутобиқи моддаи 244, қ. 2-и КҶ ҶТ (Дуздӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.