Қабули Стратегияи ИА нисбати Осиёи Марказӣ

Шӯрои Иттиҳоди Аврупо хулосаҳо атрофи Стратегияи Иттиҳоди Аврупоро нисбати Осиёи Марказӣ қабул намуд. Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар ҶТ хабар доданд, санади ниҳоӣ шомили муқаррароти зайл аст: Чун Осиёи Марказӣ минтақаи дорои аҳамияти стратегӣ мебошад, Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифт, ки бо панҷ кишварҳои Осиёи Марказӣ муносибатҳои зич, дарозмуддат ва устуворро ба роҳ монад. […]

ASIA-Plus



Шӯрои Иттиҳоди Аврупо хулосаҳо атрофи Стратегияи Иттиҳоди Аврупоро нисбати Осиёи Марказӣ қабул намуд.

Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар ҶТ хабар доданд, санади ниҳоӣ шомили муқаррароти зайл аст:

Чун Осиёи Марказӣ минтақаи дорои аҳамияти стратегӣ мебошад, Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифт, ки бо панҷ кишварҳои Осиёи Марказӣ муносибатҳои зич, дарозмуддат ва устуворро ба роҳ монад. Ҳашт сол пас аз қабули Стратегия нисбати Осиёи Марказӣ, Шӯрои мазкур пешравиҳои назаррасро дар густариши равобити Аврупо бо Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва умуман бо минтақаи Осиёи Марказӣ бо хушнудӣ истиқбол кард. Шӯро манофеи мутақобила дар тавсеаи ҳамкориҳои сиёсию иқтисодиро ба инобат гирифта, бори дигар омодагии Иттиҳоди Аврупоро ҷиҳати рушди муносибатҳо дар асоси принсипҳои масъулиятшиносӣ ва моликият, ки ба рушди босубот, бехатару устувори минтақа равона аст, таъкид намуд.

Мақсадҳои асосӣ ва самтҳои афзалиятноки Стратегияи Иттиҳоди Аврупо нисбати Осиёи Марказӣ, чун пештара дар соли 2007, бетағйирот хоҳанд монд. Ҳангоми татбиқи Стратегия, Иттиҳоди Аврупо сабақҳои қаблӣ ва дигаргуниҳоро дар минтақа, аз ҷумла тағйиршавии вазъи геополитикии атрофи онро ба ҳисоб хоҳад гирифт. Шӯро барои таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ ва энергетикӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои Осиёи Марказӣ, тақвияти ҳамкорӣ дар ҷодаи суботу амният, аз ҷумла идоракунии мӯътамади захираҳои табиӣ, даъват ба амал овард. Ғайр аз ин, Шӯро демократикунонӣ, риояи ҳуқуқи инсон, волоияти қонун, рушди иҷтимоию иқтисодиро, чун аркони Стратегияи мазкур, хеле муҳим медонад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.