Ба санаи ҷашни Иди Фитр дар Тоҷикистон шубҳа доранд

Дар Тоҷикистон баҳсҳо сари кадом рӯз ҷашн гирифтани Иди саиди Фитр идома доранд. Ҳарчанд Шӯрои уламо аллакай ҳисобу китоб кард, ки имсол моҳи Рамазон аз 29 рӯз иборат асту дар Тоҷикистон низ чун дар саросари ҷаҳони ислом Иди Фитр санаи 17 июл ҷашн гирифта мешавад, бархе аз сокинони кишвар то ҳол андеша доранд, ки Иди […]

ASIA-Plus



Дар Тоҷикистон баҳсҳо сари кадом рӯз ҷашн гирифтани Иди саиди Фитр идома доранд. Ҳарчанд Шӯрои уламо аллакай ҳисобу китоб кард, ки имсол моҳи Рамазон аз 29 рӯз иборат асту дар Тоҷикистон низ чун дар саросари ҷаҳони ислом Иди Фитр санаи 17 июл ҷашн гирифта мешавад, бархе аз сокинони кишвар то ҳол андеша доранд, ки Иди Рамазон рӯзи 18 июл фаро мерасад.

Рӯҳонии маъруфи тоҷик Домулло Ҳикматулло Тоҷикободӣ дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки мувофиқи ҳадисҳои пайғамбар Муҳаммад (с), моҳҳои мусалмонии Рамазон ва Зул-ҳиҷҷа (дар моҳи Зул-ҳиҷҷа Иди Қурбон ҷашн гирифта мешавад) аз 30 рӯз иборатанд ва агар ба ин гуфтаҳо амал намоем, анҷоми моҳи Рамазон ва ид ба санаи 18 июл рост меояд.

Ба саволи кадом рӯз ҷашн гирифтани Иди Фитр аз ҷониби худи домулло, ӯ посух нагуфта, танҳо илова намуд, ки «мо аз марказ дурем».

Ёдрас мекунем, ки бо қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон , имсол дар Тоҷикистон Иди саиди Фитр

санаи 17 июл ҷашн гирифта мешавад.

Раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи 13 июл аъзои Шӯрои уламои иборат аз 25 нафар дар хусуси имсол рӯзи 17 июл ҷашн гирифтани Иди Рамазон қарор қабул карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.