Дастури раиси пойтахт оид ба омодагӣ ба нишасти СААД

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 13 июл машварати корӣ доир намуда, дар ҷараёни он масоили марбут ба истифодаи мақсадноки воситаҳои буҷетӣ, таҳияи буҷети пойтахт барои соли 2016 ва рафти амалисозии барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин робита хабар […]

Аваз Юлдошев



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 13 июл машварати корӣ доир намуда, дар ҷараёни он масоили марбут ба истифодаи мақсадноки воситаҳои буҷетӣ, таҳияи буҷети пойтахт барои соли 2016 ва рафти амалисозии барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин робита хабар дод, дар машварат ҳамчунин масъалаҳои таъмини сокинони пойтахт бо оби нӯшокӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо, ҳифзи мероси таърихӣ ва фарҳангӣ дар қаламрави шаҳр низ матраҳ гардиданд.

Ба гуфтаи манбаъ, раиси пойтахт ҳамчунин дастур додааст, ки рӯйхати иншооте, ки ба муносибати таҷлили ҷашни солгарди навбатии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад, саҳеҳу дақиқ карда шуда, пойтахт ба баргузор намудани нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки рӯзҳои 14-15 сентябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад, омода карда шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.