Сохтори нави муттаҳидшудаи «Тоҷик Эйр» ва ФБД

Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) муттаҳид шуда, сохтори нави онҳо ШСХК «Ширкати ҳавонаврадӣ (авиатсионӣ)-и Тоҷикистон» ном дорад. Дар ин бора қарори дахлдори ҳукумат ба имзо расида, вале директори генералии сохтори муттаҳилшуда алҳол таъин нагардидааст. Аз ин рӯ, айни замон вазифаи директори генералии ФБД ва ширкати «Тоҷик Эйр»-ро Рустам Холиқов ба уҳда […]

Меҳрангез Турсунзода



Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) муттаҳид шуда, сохтори нави онҳо ШСХК «Ширкати ҳавонаврадӣ (авиатсионӣ)-и Тоҷикистон» ном дорад.

Дар ин бора қарори дахлдори ҳукумат ба имзо расида, вале директори генералии сохтори муттаҳилшуда алҳол таъин нагардидааст. Аз ин рӯ, айни замон вазифаи директори генералии ФБД ва ширкати «Тоҷик Эйр»-ро Рустам Холиқов ба уҳда дорад.

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 21 июли соли 2014, бо мақсади таъмини идоракунии пурсамари фаъолияти моливу иқтисодии ҶСК «Тоҷик Эйр»,  Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ва ширкати давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ба як сохтори муттаҳида табдил ёфта, директори генералии ягонаи сохтори нав Рустам Холиқов таъин шуд.

Қобили зикр аст, ки қаблан «Тоҷик Эйр» дар бозори авиатсияи граждании ҷумҳурӣ монополист буд. Фурудгоҳҳо ва тамоми хадамоти заминӣ ба воҳидҳои сохтории «Тоҷик Эйр» шомил буданд.

Соли 2008 ҳукумат дар бораи азнавташкилдиҳии ширкати давлатии «Тоҷик Эйр» қарор қабул намуда, дар натиҷа фурудгоҳи Душанбе ва хадамоти заминии ширкат ба корхонаҳои алоҳида тақсим карда шуданд ва тайи солҳои ахир раҳбарияти ширкати «Тоҷик Эйр» аз ин тақсимот норозигӣ изҳор мекард.

Коршиносон бар ин назар буданд, агар ҳукумат ФБД ва «Тоҷик Эйр»-ро мутттаҳид созад, ин қарор вазъи молии «Тоҷик Эйр»-ро беҳтар мекунад, зеро солҳои ахир ширкат ба мушкилоти ҷиддии молӣ дучор гардида буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.