Ҳукумат ба иттилооти расмӣ монополия ҷорӣ кард

Ба назар мерасад, ки ташвишҳои васоити ахбори умум оид ба монополия шудани бозори иттилоотии кишвар беасос набудаанд. Президенти Тоҷикистон протоколеро ба имзо расонид, ки мутобиқи он тамоми вазорату идораҳои давлатӣ ҳамаи маълумотро нахуст ба Агентии миллии иттилоотии «Ховар» дода, сипас дигар ВАО ҳам аз он истифода карда метавонанд, вале танҳо бо истинод ба «Ховар». Дар […]

Меҳрангез Турсунзода



Ба назар мерасад, ки ташвишҳои васоити ахбори умум оид ба монополия шудани бозори иттилоотии кишвар беасос набудаанд. Президенти Тоҷикистон протоколеро ба имзо расонид, ки мутобиқи он тамоми вазорату идораҳои давлатӣ ҳамаи маълумотро нахуст ба Агентии миллии иттилоотии «Ховар» дода, сипас дигар ВАО ҳам аз он истифода карда метавонанд, вале танҳо бо истинод ба «Ховар».

Дар протоколи рӯзи 30 июн аз ҷониби раиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон баимзорасида (нусхаи он имрӯз дар ихтиёри ВАО қарор гирифт) зикр мегардад, ки ба ин гуна иттилоот ҳама хабарҳои расмӣ, маълумот дар бораи ҷаласаҳои ҳукумат, сафарҳои кории президент дар дохил ва хориҷи кишвар, вохӯриҳо ва дигар чорабиниҳои сатҳи байнулмилалӣ низ дар дохилу хориҷи кишвар дохил мешаванд.

Қаблан

зимни шарҳи ин маълумот

раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) Нуриддин Қаршибоев ба «Азия-Плюс» изҳор намуда буд, ки сарфи назар аз шакли моликият, қонунгузории ҷумҳурӣ ба дастрасии маълумот ба намояндагони ВАО-и Точикистон ҳуқуқи баробар медиҳад.

«То ҷое, ки ман огаҳӣ дорам, дар муқаррароти «Ховар» зикр шудааст, ки агентӣ ба паҳнкунии маълумоти расмӣ, яъне ба амрҳои президент, қарори ҳукумат ҳуқуқи хосса (эксклюзивӣ) дорад, лекин ба ҳамагон маълум аст, ки муқаррароти агентии давлатии иттилоотӣ аз қонунҳо, ки ба дастрасии маълумот барои ҳамаи ВАО ҳуқуқи баробар медиҳанд, боло нест», – таъкид дошта буд Н.Қаршибоев.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.