С.Тағойзода: Шумори муҳоҷирони кории тоҷик кам шуд

Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Сумангул Тағойзода бо такя ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷират (ХФМ)-и Русия иттилоъ дод, ки айни замон 1 млн. 543 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қарор доранд. Ба гуфтаи ӯ, нимсолаи аввали соли ҷорӣ 638 ҳазору 934 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия рафта, аз […]

Мавзуна Абдуллоева



Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Сумангул Тағойзода бо такя ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷират (ХФМ)-и Русия иттилоъ дод, ки айни замон 1 млн. 543 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қарор доранд.

Ба гуфтаи ӯ, нимсолаи аввали соли ҷорӣ 638 ҳазору 934 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия рафта, аз ин шумор 546 ҳазору 76 нафар ба қайди муҳоҷират гузошта шуданд. «Тибқи маълумоти ХФМ Русия, 292 ҳазору 800 нафар шаҳрвандон барои фаъолият патент ва боз 4 ҳазору 31 нафар иҷозатнома барои кор гирифтаанд (ҳамагӣ 70 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор иҷозатнома гирифтаанд)», – гуфт ӯ.

Зикр гардид, ки дар ин давра мақомоти муҳоҷирати Русия нисбати 46 нафар шаҳрванди Тоҷикистон оид ба хориҷшавӣ аз қаламрави кишвар ва нисбати 40 нафар дар бораи истирдод қарор содир намуда, беш аз 92 ҳазору 250 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд ва ба зиёда аз 73 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон вуруд ба қаламрави Русия манъ шудааст.

Сабаби асосии коҳишёбии шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷи кишварро С.Тағойзода ба буҳрони иқтисодӣ ва шадидтар шудани қонунгузории муҳоҷирати ин кишвар нисбат дод.

Қайд карда шуд, ки дар ин давра Вазорати меҳнат ба пардохти беш аз 14 млн. рубл ба муҳоҷирони корӣ аз ҷониби корфармоҳояшон мусоидат намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.