Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беш аз 14% афзуд

Нимсолаи аввали соли равон дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 5,4 млрд. сомонӣ (тақрибан 862 млн. доллари ИМА) маҳсулот истеҳсол карда шуд. Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи таносуби нарх ба андозаи 14,2% зиёдтар аст. Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро […]

Пайрав Чоршанбиев



Нимсолаи аввали соли равон дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 5,4 млрд. сомонӣ (тақрибан 862 млн. доллари ИМА) маҳсулот истеҳсол карда шуд.

Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи таносуби нарх ба андозаи 14,2% зиёдтар аст.

Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар Агентии омор «ба зиёдшавии назарраси истеҳсолот дар бахшҳои саноати дӯзандагиу бофандагӣ, истеҳсоли пӯст ва маснӯот аз он, истеҳсоли пойафзол, коркарди чӯб ва маснӯот аз чӯб, фаъолияти ноширӣ, саноати кимиё,  маҳсулоти ғайриметаллии минералӣ, афзоиши истеҳсолот дар бахши металлургия ва маснӯоти тайёр аз металл, тавлиди нерӯи барқ ва ғайра нисбат медиҳанд».

Гуфта мешавад, аз 90 навъи маҳсулоти саноатии муҳим нимсолдаи аввали соли 2015 дар 49 номгӯи он (54,4%) истеҳсоли ҳаҷми маҳсулот афзоиш ва дар 26 номгӯй (28,9%)  истеҳсоли он коҳиш ёфта, 15 номгӯи (16,7%) маҳсулот истеҳсол нашудаанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми саноати истихроҷ аз ҳисоби истеҳсоли ангишгтсанг – 21,1%, ангишти тира – 4,8%, нафт – 3,1%, газ – 1,8 баробар, маводи ғайримаъданӣ – 17,8% афзудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ аз ҳисоби коҳиши истеҳсоли мазут (16,7%) ва битум (39,0%) ба андозаи 24,4% кам шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.